https://sputnik.tj/20221107/avvalin-tarikh-rahimov-nishon-tilo-toskuloh-buzurg-1052661697.html
Аввалин дар таърих: Раҳимов нишони тилои Тоскулоҳи бузургро соҳиб шуд
Аввалин дар таърих: Раҳимов нишони тилои Тоскулоҳи бузургро соҳиб шуд
Sputnik Тоҷикистон
Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар Боку аввалин нишони тилоро дар таърихи ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Гранд Слам ё худ Тоскулоҳи бузург соҳиб шуд
2022-11-07T10:30+0500
2022-11-07T10:30+0500
2022-11-07T10:30+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
куштӣ
темур раҳимов
боку
гранд слэм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047323542_0:60:785:502_1920x0_80_0_0_b6e9354cd5ddbb57e7314bcc54a63cc6.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Темур Раҳимов дар даври ниҳоии мусобиқаи "Baku Grand Slam 2022" рақиби ӯзбек - Алишер Юсуповро бо имтиёзи иппон шикаст дода, барандаи ҷои аввал шуд. Ба иттилои телевизиони "Варзиш", Раҳимов аввалин нишони тило дар таърихи ҷудои меҳан дар мусобиқаҳои Гранд Сламро ба даст овард. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки ҷудокори тоҷик бо ҳунарнамоияш дар "Baku Grand Slam 2022" соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардида, мавқеашро дар садри ҷадвали беҳтаринҳо ҳифз намуд. Маврид ба зикр аст, ки дар даври аввал Темур Раҳимов озод буда, дар даври дуюм Серафим Компаниез аз Исроилро дар ҳолати "осаикоми" нигоҳ дошта, шикаст дод. Дар даври чаҳорякниҳоӣ ҷудокори тоҷик бо Саба Инанейшвили аз Гурҷистон майдондорӣ карда, дар лаҳзаҳои охир тавонист вазарӣ кор кунаду роҳашро ба даври нимниҳоӣ ҳамвор созад. Дар даври нимниҳоӣ бо Мартти Пуумалайнени 25-сола аз Финландия зӯрозмоӣ намуда, бо имтиёзи иппон пирӯз шуд. Дар даври ниҳоӣ Темур Раҳимов бо ҷудокори 23-солаӣ ӯзбек Алишер Юсупов барои ба даст овардани нишони заррини мусобиқа нерӯяшро санҷида, бо иппон бартарияташро собит намуд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар маҷмуъ 12 ҷудокор намояндагӣ карданд, ки аз ин миён дар баробари Раҳимов, Муллораҷаб Халифаев низ тавонист, дар вазни то 66 кило медали нуқраро ба даст орад.
https://sputnik.tj/20221105/mullorajab-khalifaev-nishon-nuqra-baku-grand-slam-2022-1052636092.html
боку
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047323542_0:0:785:589_1920x0_80_0_0_33407e625d7a9deb5ee0b3bd5914ca55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
темур раҳимов, тоскулоҳи бузург, боку
темур раҳимов, тоскулоҳи бузург, боку
Аввалин дар таърих: Раҳимов нишони тилои Тоскулоҳи бузургро соҳиб шуд
Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар Боку аввалин нишони тилоро дар таърихи ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Гранд Слам ё худ Тоскулоҳи бузург соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Темур Раҳимов дар даври ниҳоии мусобиқаи "Baku Grand Slam 2022" рақиби ӯзбек - Алишер Юсуповро бо имтиёзи иппон шикаст дода, барандаи ҷои аввал шуд.
Ба иттилои телевизиони "Варзиш", Раҳимов аввалин нишони тило дар таърихи ҷудои меҳан дар мусобиқаҳои Гранд Сламро ба даст овард.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки ҷудокори тоҷик бо ҳунарнамоияш дар "Baku Grand Slam 2022" соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардида, мавқеашро дар садри ҷадвали беҳтаринҳо ҳифз намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даври аввал Темур Раҳимов озод буда, дар даври дуюм Серафим Компаниез аз Исроилро дар ҳолати "осаикоми" нигоҳ дошта, шикаст дод.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ ҷудокори тоҷик бо Саба Инанейшвили аз Гурҷистон майдондорӣ карда, дар лаҳзаҳои охир тавонист вазарӣ кор кунаду роҳашро ба даври нимниҳоӣ ҳамвор созад.
Дар даври нимниҳоӣ бо Мартти Пуумалайнени 25-сола аз Финландия зӯрозмоӣ намуда, бо имтиёзи иппон пирӯз шуд.
Дар даври ниҳоӣ Темур Раҳимов бо ҷудокори 23-солаӣ ӯзбек Алишер Юсупов барои ба даст овардани нишони заррини мусобиқа нерӯяшро санҷида, бо иппон бартарияташро собит намуд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар маҷмуъ 12 ҷудокор намояндагӣ карданд, ки аз ин миён дар баробари Раҳимов, Муллораҷаб Халифаев низ тавонист, дар вазни то 66 кило медали нуқраро ба даст орад.