https://sputnik.tj/20221107/rahmon-roh-behbudi-zindagi-dehotiyon-1052667647.html
Раҳмон роҳи беҳбуди зиндагии деҳотиёнро баррасӣ кард
Раҳмон роҳи беҳбуди зиндагии деҳотиёнро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои беҳтар кардани шароити зиндагии сокинони деҳоти кишвар боло бурдани сатҳи ҳосилнокии заминҳоро муҳим хонд
2022-11-07T13:40+0500
2022-11-07T13:40+0500
2022-11-07T13:41+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
эмомалӣ раҳмон
деҳот
ҳосил
замин
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043779186_0:176:3014:1871_1920x0_80_0_0_b9560adb8e0bb27b5e69dc82f6765ff1.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср бо президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз таҳкими робитаҳо бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии кишварро барои таҳкими ҳамкориҳо баён доштаст. "Дар мулоқот ҷалби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар инкишофи инфрасохтори соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии бахшҳои кишоварзӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолии деҳот муҳим арзёбӣ гардид", - омадааст дар иттилоия. Таъкид гардид, ки бар асари тағйирёбии иқлим дар бахши кишоварзӣ низ паёмадҳои манфӣ ҷой доранд. Дар чунин ҳолат таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ муҳим арзёбӣ гардидааст. Барномаҳои ҷадид барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба манфиати кор хоҳад буд, афзуд дафтари матбуоти раисҷумҳур. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, аксари аҳолии он дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Таъмини амнияти озуқавориро ҳукумати Тоҷикистон аз ҳадафҳои стратегии худ муқаррар намудаст.
https://sputnik.tj/20221107/tojikiston-qadar-mohi-kadom-namudhoyash-sayd-1052664856.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043779186_143:0:2872:2047_1920x0_80_0_0_4f1196f667cef83f705f804ce5cd5b56.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, азм, деҳотиён, боло, зиндагӣ, беҳбуд
эмомалӣ раҳмон, азм, деҳотиён, боло, зиндагӣ, беҳбуд
Раҳмон роҳи беҳбуди зиндагии деҳотиёнро баррасӣ кард
13:40 07.11.2022 (Навсозишуда: 13:41 07.11.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон барои беҳтар кардани шароити зиндагии сокинони деҳоти кишвар боло бурдани сатҳи ҳосилнокии заминҳоро муҳим хонд
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср бо президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз таҳкими робитаҳо бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии кишварро барои таҳкими ҳамкориҳо баён доштаст.
"Дар мулоқот ҷалби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар инкишофи инфрасохтори соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии бахшҳои кишоварзӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолии деҳот муҳим арзёбӣ гардид", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардид, ки бар асари тағйирёбии иқлим дар бахши кишоварзӣ низ паёмадҳои манфӣ ҷой доранд.
Дар чунин ҳолат таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ муҳим арзёбӣ гардидааст. Барномаҳои ҷадид барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба манфиати кор хоҳад буд, афзуд дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, аксари аҳолии он дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Таъмини амнияти озуқавориро ҳукумати Тоҷикистон аз ҳадафҳои стратегии худ муқаррар намудаст.