https://sputnik.tj/20221107/tojikiston-qadar-mohi-kadom-namudhoyash-sayd-1052664856.html
Дар Тоҷикистон чӣ қадар моҳӣ ва кадом намудҳояш сайд шудааст?
Дар Тоҷикистон чӣ қадар моҳӣ ва кадом намудҳояш сайд шудааст?
Sputnik Тоҷикистон
Тавлиди навъҳои гуногуни моҳӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, аммо ҳаҷми феълӣ дар қиёс ба талаботи кишвар ба гӯшти он ба маротиб камтар аст
2022-11-07T13:00+0500
2022-11-07T13:00+0500
2022-11-07T14:25+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
тавлид
моҳӣ
тавлид
талабот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102634/14/1026341402_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_ae3697d23a59ad46f04201b149667e3e.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар нуҳ моҳи соли равон дар хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон 2100 тонна моҳӣ истеҳсол шудаст. Бар асоси иттилои расмӣ, дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон беш аз 1534 тонна, дар Суғд 444 тонна, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 0,9 тонна сайд шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 108 тонна, Файзобод 2,5 тонна, Роғун ва Рӯдакӣ 2 тонна, Ҳисор 1,7 тонна, Нуробод 1,5 тонна, Турсунзода 1,4 тонна ва Шаҳринав 0,8 тонна моҳӣ арзёбӣ гардидаст. Маблағи умумии моҳӣ 42, 3 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 47% зиёд мебошад.Дар Тоҷикистон аслан пешониғафси сафед, зағорамоҳӣ, гулмоҳӣ, амури сафед ва дигар навъи моҳиҳо парвариш карда мешавад.Ба асоси иттилои расмӣ, аз ҳаҷми умумии сайди моҳӣ зиёда аз 625 тоннаи он намуди пешониғафси сафед мебошад. Ҳамчунин 203 тоннаро зағорамоҳӣ, 109 тонна гулмоҳӣ, 237 тонна амури сафед, 8,4 тонна суфмоҳӣ ва 916 тоннаро дигар намуди моҳиҳо ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди афзоиши сайди моҳӣ дар Тоҷикистон талаботи кишвар ҳанӯз аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ҳанӯз қонеъ намешавад. Қаблан таъкид шуда буд, ки барои қонеъ кардани аҳолии Тоҷикистон бо моҳӣ солона ҳадди ақал 14 ҳазор тонна зарур мебошад. Маврид ба зикр аст, ки тобистони соли равон дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ" қабул карда шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, қонуни мазкур ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ, ҳамчунин зарурати ҳифзи захираҳои моҳӣ ва рушди соҳибкории соҳаю бунёди ҷойҳои нави корӣ равона шудаст.
https://sputnik.tj/20220822/tojikiston-rusiya-rekord-mohi-yakhkardashuda-1050863321.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102634/14/1026341402_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_a0fe12c3ac8e10c77f8c8f626807dd79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, сайд, моҳӣ, тоҷикистон
афзоиш, сайд, моҳӣ, тоҷикистон
Дар Тоҷикистон чӣ қадар моҳӣ ва кадом намудҳояш сайд шудааст?
13:00 07.11.2022 (Навсозишуда: 14:25 07.11.2022) Тавлиди навъҳои гуногуни моҳӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, аммо ҳаҷми феълӣ дар қиёс ба талаботи кишвар ба гӯшти он ба маротиб камтар аст
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар нуҳ моҳи соли равон дар хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон 2100 тонна моҳӣ истеҳсол шудаст.
Бар асоси иттилои расмӣ, дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон беш аз 1534 тонна, дар Суғд 444 тонна, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 0,9 тонна сайд шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 108 тонна, Файзобод 2,5 тонна, Роғун ва Рӯдакӣ 2 тонна, Ҳисор 1,7 тонна, Нуробод 1,5 тонна, Турсунзода 1,4 тонна ва Шаҳринав 0,8 тонна моҳӣ арзёбӣ гардидаст.
Маблағи умумии моҳӣ 42, 3 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 47% зиёд мебошад.
Дар Тоҷикистон аслан пешониғафси сафед, зағорамоҳӣ, гулмоҳӣ, амури сафед ва дигар навъи моҳиҳо парвариш карда мешавад.
Ба асоси иттилои расмӣ, аз ҳаҷми умумии сайди моҳӣ зиёда аз 625 тоннаи он намуди пешониғафси сафед мебошад.
Ҳамчунин 203 тоннаро зағорамоҳӣ, 109 тонна гулмоҳӣ, 237 тонна амури сафед, 8,4 тонна суфмоҳӣ ва 916 тоннаро дигар намуди моҳиҳо ташкил медиҳанд.
Бо вуҷуди афзоиши сайди моҳӣ дар Тоҷикистон талаботи кишвар ҳанӯз аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ҳанӯз қонеъ намешавад. Қаблан таъкид шуда буд, ки барои қонеъ кардани аҳолии Тоҷикистон бо моҳӣ солона ҳадди ақал 14 ҳазор тонна зарур мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки тобистони соли равон дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ" қабул карда шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, қонуни мазкур ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ, ҳамчунин зарурати ҳифзи захираҳои моҳӣ ва рушди соҳибкории соҳаю бунёди ҷойҳои нави корӣ равона шудаст.