Мошинҳои барқию кабудизоркунӣ: Раҳмон аз талошҳо барои ҳавои тоза дар Тоҷикистон гуфт

© Пресс-служба президента РТВизит президента Таджикистана в Согдийскую область
Визит президента Таджикистана в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз барномаҳо ва ташаббусҳои дохилидавлатӣ гуфт, ки ба коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ба муҳити зист равона шудаанд
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле кам буда, аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷойи 130-ум қарор дорад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳамоиши байналмилалӣ дар масоили тағйирёбии иқлим дар Миср баён дошт.
Ӯ афзуд, ки бо вуҷуди ин Тоҷикистон ташаббусҳои зиёдеро барои боз ҳам кам намудани партови газҳои гулхонаӣ ба ҳаво амалӣ карда истодааст.
"Тасмимҳои мо оид ба кабудизоркунӣ, рушди соҳаи гидроэнергетика, яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли "энергияи сабз", аз андозҳои аксиз ва арзиши иловашуда озод намудани воридоти нақлиёти барқӣ маҳз ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳити зист нигаронида шудаанд", - гуфт ӯ.
Ледник Федченко на Памире. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Нигаронии Раҳмон аз нестшавии пиряхҳо ва вазъи Федченко: Ӯ шариконро ба ҳамкорӣ хонд
Вай дар ин самт созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушдро ба ҳамкорӣ даъват намуд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, истифодаи мошинҳои барқӣ ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд. Таъкид мешавад, ки ҳиссаи асосии ин партовҳо феълан ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд.
Мақомоти тоҷик азм доранд, дар солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро дар ҷумҳурӣ то 20-30%-и теъдоди умумии нақлиёт расонанд.
Мутахассиси раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Содиқҷон Нуралихонзода қаблан изҳор дошта буд, ки ин иқдом дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027 дар назар дошта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0