Аз дафну санги мазор то номгузории кӯчаҳо: қабули қонун барои поси хотири муҳофизони Ватан

© Sputnik / Виктор ТолочкоНачальник Генштаба Вооруженных сил Таджикистана, первый заместитель министра обороны РТ генерал-майор Эмомали Собирзода.
Начальник Генштаба Вооруженных сил Таджикистана, первый заместитель министра обороны РТ генерал-майор Эмомали Собирзода. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Обуна шудан
Ноиби аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон муқаррароти қонуни ҷадид дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватанро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонун "Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан"-ро қабул кард.
Муовини якуми вазири мудофиаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Собирзода дар шарҳи қонуни ҷадид гуфт, он ҷовидон гардонидани хотираи шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохти конститутсионии кишвар ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалокшударо мушаххас кардааст.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Собирзода овардааст, ки ин кор аз ҷумла тавассути арҷ гузоштан ба шуҷоат, мардонагӣ ва қаҳрамонии онҳо, баҳисобгирӣ, ба тартиб даровардан, ҳифзу обод ва нигоҳбонӣ кардани қабрҳои ҳарбӣ, ёдгориҳои ҳарбӣ, ҷойҳои инфиҷор ё суқуткардаи техникаю ҳавопаймоҳои ҳарбӣ анҷом дода мешавад.
Гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ бо мақсади пайдо кардани қабрҳои ҳарбии бақайдгирифтанашуда, муқаррар намудани маълумоти шахсии хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда аз муқаррароти дигар барои поси хотираи муҳофизони Ватан арзёбӣ шудаст.
Строитель строит новый дом взамен разрушенного в результате конфликта на таджикско-кыргызской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
Сармо наздик: Бунёди хона барои зарардидаҳо дар марз дар чӣ ҳол аст - акс
"Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои ҳарбии кишвар баҳри ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон, ки барои баланд бардоштани рӯҳияи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аҳамияти калон дорад, пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд", - гуфт Собирзода.
Аз ҷумлаи чорабиниҳои дигар барои поси хотири муҳофизони Ватан бо адои эҳтироми ҳарбӣ дафн кардани хизматчиёни ҳарбӣ, гузоштани санги қабр, сутуни ёдбуд, муҷассама дар оромгоҳҳо, ба маҳалҳо, кӯчаю майдонҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ гузоштани номи ҳалокшудагон, пешбурди корҳои ҷус­туҷӯӣ ва баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳои оммавӣ дар санаҳои муҳим арзёбӣ шудаст.
Ноиби аввали вазири мудофиа муътақид аст, ки барои ташаккули мафкураи ҷамъиятӣ ва арҷгузорӣ ба корнамоӣ ва қаҳрамонии шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалокшуда мусоидат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0