https://sputnik.tj/20221101/sarmo-nazdik-bunyod-khona-marz-aks-1052560277.html
Сармо наздик: Бунёди хона барои зарардидаҳо дар марз дар чӣ ҳол аст - акс
Сармо наздик: Бунёди хона барои зарардидаҳо дар марз дар чӣ ҳол аст - акс
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд тавзеҳ дод, ки сохтмони хонаю иншооти осебдида дар марз бар асари зарбаи ахири нерӯҳои Қирғизистон, дар кадом марҳила қарор дорад 01.11.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-11-01T14:20+0500
2022-11-01T14:20+0500
2022-11-01T15:07+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
иҷтимоъ
марз
исфара
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/01/1052558972_352:165:1024:543_1920x0_80_0_0_8365b3fff33bff3ca071f5348f70bca8.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Сохтмони манзилҳое, ки дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Сурх, Чилгазӣ ва Лаккони шаҳри Исфара тахриб шуда буданд, рӯзҳои наздик анҷом меёбад.Дар ин бора мудири Идораи сохтмони ҳукумати Суғд ва ҳамчунин муовини сардори Ситоди бартарафкунии паёмадҳои муноқишаи марзӣ дар шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, корҳои сохтмонии беш аз 20 манзили истиқоматӣ, ки аз сифр шурӯъ шуда буд, то 80% ба анҷом расонида шудааст. Дар ҳамин ҳол манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди ҷамоати Овчи Қалъача бо маром идома дорад.Қаблан мақомот иттилоъ доданд, ки бар асари даргирии марзии рӯзҳои 14 - 16-ум сентябр 96 ҳолати оташгирии хонаҳои истиқоматӣ ва иморату иншооти ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов сабт шудааст, ки зарари он беш аз 32,6 млн сомониро ташкил медиҳад. Даргирии нимаи моҳи сентябр миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар баробари хисороти зиёди моддӣ садҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷонибро барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғозу шиддати даргирӣ айбдор мекунанд.
исфара
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/01/1052558972_420:126:994:556_1920x0_80_0_0_60d761d5fa5a9681694dda5f2a7955cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сохтмон, иҷтимоъ, марз, исфара, суғд
дар тоҷикистон, сохтмон, иҷтимоъ, марз, исфара, суғд
Сармо наздик: Бунёди хона барои зарардидаҳо дар марз дар чӣ ҳол аст - акс
14:20 01.11.2022 (Навсозишуда: 15:07 01.11.2022) Эксклюзив
Мақомоти Суғд тавзеҳ дод, ки сохтмони хонаю иншооти осебдида дар марз бар асари зарбаи ахири нерӯҳои Қирғизистон, дар кадом марҳила қарор дорад
ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Сохтмони манзилҳое, ки дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Сурх, Чилгазӣ ва Лаккони шаҳри Исфара тахриб шуда буданд, рӯзҳои наздик анҷом меёбад.
Дар ин бора мудири Идораи сохтмони ҳукумати Суғд ва ҳамчунин муовини сардори Ситоди бартарафкунии паёмадҳои муноқишаи марзӣ дар шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, корҳои сохтмонии беш аз 20 манзили истиқоматӣ, ки аз сифр шурӯъ шуда буд, то 80% ба анҷом расонида шудааст.
"Сохтмончиҳо ҳоло ба рангуборкунӣ дар ин иншоот машғул ҳастанд. Рӯзҳои наздик ҳамаи корҳо ба иҷро расонида шуда, ин хонаҳо ба соҳибонашон супорида хоҳанд шуд” – афзуд, Муҳаммадзода. Ӯ гуфт, масолеҳи зарурӣ пурра дастрас мебошанд.
Дар ҳамин ҳол манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди ҷамоати Овчи Қалъача бо маром идома дорад.
Қаблан мақомот иттилоъ доданд, ки бар асари даргирии марзии рӯзҳои 14 - 16-ум сентябр 96 ҳолати оташгирии хонаҳои истиқоматӣ ва иморату иншооти ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов сабт шудааст, ки зарари он беш аз 32,6 млн сомониро ташкил медиҳад.
Даргирии нимаи моҳи сентябр миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар баробари хисороти зиёди моддӣ садҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷонибро барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғозу шиддати даргирӣ айбдор мекунанд.