https://sputnik.tj/20221106/muloqot-rahmon-suveydi-sozish-1052658230.html
Мулоқоти Раҳмон бо Ал-Сувейдӣ: Созиш барои бунёди корхонаи трансформатору НБО
Мулоқоти Раҳмон бо Ал-Сувейдӣ: Созиш барои бунёди корхонаи трансформатору НБО
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Миср бо намояндагони бахши хусусӣ ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2022-11-06T20:20+0500
2022-11-06T20:20+0500
2022-11-06T20:23+0500
дар тоҷикистон
энергетика
ҳамкорӣ
иқтисод
мулоқот
миср
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/52/1024375275_0:81:1320:824_1920x0_80_0_0_947c53ed58c461eee139587f9636fb95.jpg
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайх бо роҳбари Ширкати мисрии "Elsewedy Electric" Аҳмад Ал-Сувейдӣ имкониятҳои сармоягузориро ба миён гузоштааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, дар ин мулоқот таъкид гардидаст, ки дар Тоҷикистон фазои мусоид ва имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ мавҷуд буда, минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти босамар доранд. Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ширкатҳои муштарак ва дастгирии соҳибкории хурду миёна тадбирҳои созандаро амалӣ месозад, афзуд манбаъ.Дафтари матбуоти раисҷумҳур афзуд, ки аз ҷониби роҳбарияти Ширкат дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, аллакай доир ба сохтмони як корхонаи нави трансформаторҳо дар шаҳри Бохтар созиши пешакӣ ҳосил шудааст. Ҳамчунин барои бунёди як НБО ва корхонаҳои истеҳсоли кабелҳо ва дигар техникаю таҷҳизот дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ ва алоқа, ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ, зербиноӣ ва тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои сабз мувофиқа ҳосил шудаст.Таъкид гардидаст, ки "Elsewedy Electric" аз ширкатҳои калонтарин ва пешқадами минтақа ва ҷаҳон буда, зиёда аз 50 кишвар корхонаҳои саноатӣ дорад ва гардиши молиявиаш 6 млрд доллари амрикоӣ мебошад. Аз ҷумла аз таҷрибаи ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ба мисли сохтмони шаҳрҳои ҳушманд, неругоҳҳои барқии обӣ, ҳароратӣ, офтобӣ ва бодӣ, роҳҳои оҳан, минтақаҳои истеҳсолӣ ва паркҳои логистикӣ ва инчунин дар истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ тавсиф шудааст.
https://sputnik.tj/20220720/barq-shumo-pul-mo-yovon-tojikiston-uzbekiston-1050138005.html
миср
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/52/1024375275_0:0:1320:990_1920x0_80_0_0_8d593290c8dea9e4c17ff4ee9c6fe36b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавофуқот, душанбе, сармоягузор, миср
тавофуқот, душанбе, сармоягузор, миср
Мулоқоти Раҳмон бо Ал-Сувейдӣ: Созиш барои бунёди корхонаи трансформатору НБО
20:20 06.11.2022 (Навсозишуда: 20:23 06.11.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Миср бо намояндагони бахши хусусӣ ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайх бо роҳбари Ширкати мисрии "Elsewedy Electric" Аҳмад Ал-Сувейдӣ имкониятҳои сармоягузориро ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, дар ин мулоқот таъкид гардидаст, ки дар Тоҷикистон фазои мусоид ва имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ мавҷуд буда, минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти босамар доранд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ширкатҳои муштарак ва дастгирии соҳибкории хурду миёна тадбирҳои созандаро амалӣ месозад, афзуд манбаъ.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур афзуд, ки аз ҷониби роҳбарияти Ширкат дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, аллакай доир ба сохтмони як корхонаи нави трансформаторҳо дар шаҳри Бохтар созиши пешакӣ ҳосил шудааст.
Ҳамчунин барои бунёди як НБО ва корхонаҳои истеҳсоли кабелҳо ва дигар техникаю таҷҳизот дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ ва алоқа, ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ, зербиноӣ ва тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои сабз мувофиқа ҳосил шудаст.
Таъкид гардидаст, ки "Elsewedy Electric" аз ширкатҳои калонтарин ва пешқадами минтақа ва ҷаҳон буда, зиёда аз 50 кишвар корхонаҳои саноатӣ дорад ва гардиши молиявиаш 6 млрд доллари амрикоӣ мебошад.
Аз ҷумла аз таҷрибаи ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ба мисли сохтмони шаҳрҳои ҳушманд, неругоҳҳои барқии обӣ, ҳароратӣ, офтобӣ ва бодӣ, роҳҳои оҳан, минтақаҳои истеҳсолӣ ва паркҳои логистикӣ ва инчунин дар истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ тавсиф шудааст.