https://sputnik.tj/20220720/barq-shumo-pul-mo-yovon-tojikiston-uzbekiston-1050138005.html
Барқ аз шумо, пул аз мо. Оидоти “Ёвон”-ро Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ гуна тақсим мекунанд?
Барқ аз шумо, пул аз мо. Оидоти “Ёвон”-ро Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ гуна тақсим мекунанд?
Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи аввалин лоиҳаи муштараки энержии Тоҷикистону Ӯзбекистон, НБО-и “Ёвон” на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати сиёсӣ низ як иқдоми муҳим аст
2022-07-20T20:30+0500
2022-07-20T20:30+0500
2022-07-26T12:57+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
тиҷорат
барқ
пул
энержӣ
ҳамсоя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032496395_0:200:1921:1280_1920x0_80_0_0_5b5083ebe39df29d4977203981454501.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik, Алексей Юсупов. Ба Душанбе ва Тошканд бори аввал муяссар шуд, ки ихтилофоти деринаи истифодаи захираҳои обро бартараф намуда, ба ҳалли онҳо аз нуқтаи назари прагматикӣ камари ҳиммат банданд."НБО Ёвон бо иқтидори лоиҳавии 140 мВт дар як сол 700-800 миллион кВт/соат тавлид мекунад ва ҳамаи он ба Ӯзбекистон меравад, ҳарчанд худи НБО дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин чӣ фоида дорад? Бо ҷазби як воридкунандаи бузург пас аз 7-8 соли фаъолият НБО тамоми хароҷотро ҷуброн карда, даромади соф гирифтанро оғоз мекунад”, - шарҳ медиҳад коршиноси масоили энержӣ Ҳасан Қурбонов.Ба гуфтаи мутахассис, мушкили аслии соҳаи гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон набудани харидорони боэътимоди нерӯи барқ аст, ки дар фасли баҳору тобистон миқдори зиёдатеро ташкил медиҳад.Баҳси марзӣ бо Қирғизистон интиқоли барқ ба он кишварро қатъ кард. Воридкунандаи дувуми барқи Тоҷикистон, Афғонистон ҳамвора пардохти пули барқро ба таъхир меандозад, ки дар натиҷа қарзи чандмиллиондолларӣ ба таври доимӣ афзоиш меёбад."Ӯзбекҳо ҳамеша дуруст пардохт мекунанд, илова бар ин дар мавсими камчинии барқ, тирамоҳу зимистон моро бо нерӯи барқи изофӣ кӯмак мекунанд. Солҳои пеш чунин тарҳро ба далели ихтилофоти сиёсӣ амалӣ карда наметавонистанд, аммо ҳоло бо нерӯи барқ таъмин кардани ҳадди ақал 10 ҳазор хонавода ва ё ҳудуди 40 корхонаи миёнаи саноатӣ фоидаовар арзёбӣ мешавад”, - афзуд Қурбонов.Қаблан тамоми даъвоҳои Узбакистон алайҳи Тоҷикистон дар мавриди бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ ба истифодаи оқилонаи захираҳои об марбут буд. Тошканд аз он метарсид, Душанбе метавонад дар мавсими кишт камбуди оби сунъӣ ба вуҷуд орад, ки барои киштзорҳо хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.Аммо акнун ки сарони ҷумҳуриҳо ҳуҷҷати стратегии дӯстию иттифоқи абадиро ба имзо расонданд, масъалаи нобоварӣ аз байн рафт. Ҳарчанд иддае аз зистшиносон бар ин назаранд, ки сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Ёвон” метавонад ба коҳиши оби дарёи Зарафшон ва ҳамин тариқ ба обёрии заминҳои кишоварзии Ӯзбакистон таъсир расонад."Тибқи ҳисобҳои мо, дар сурати татбиқи лоиҳаи маҷмааи барқи обӣ, ки сохтмони туннели ирригатсионии дорои суръати 50 метри мукааб дар як сонияро пешбинӣ мекунад, коҳиши об тайи як сол мумкин аст, 0,4 километри мукааб зиёд шавад. Аммо агар мо танзими доимии ҷараёни об, яъне сарфаи об ва автоматикунонии тақсими обро ҷорӣ кунем, аз ин ҳолат пешгирӣ кардан мумкин аст”, - мегӯяд эколог Зумрад Набиева.Ба гуфтаи вай, бо такя ба захираҳо дар танзими захираҳои об дар ҳавзаи рӯдхонаи Зарафшон вазъ дар ростои афзоиши самаранокии истифодаи захираҳои обу замин ва коҳиши талафот беҳтар хоҳад шуд.Дар мавриди ҷанбаи сиёсии ин тарҳ бошад, дар ин ҷо манфиатҳо рӯшан ба назар мерасанд – афзоиши равандҳои ҳамгироии минтақаӣ дар мисоли муваффақи Тоҷикистону Узбакистон метавонад кишварҳои дигари Осиёи Марказиро барои пайвастан ба онҳо ташвиқ кунад.Масалан, ҳамкорӣ бо Қирғизистон, ки дар фасли баҳору тобистон барқ дорад ва метавонад онро ба ҳамсояҳояш қисмат кунад, хеле муфид хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, мебинед, ки мушкилоти сарҳад ҳам ҳал шуд.
https://sputnik.tj/20220622/tojikiston-afghoniston-gardish-mol-afzoish-dodand-1049419131.html
https://sputnik.tj/20220704/imzoi-shash-sanadi-hamkori-tojikistonu-uzbekiston-1049728901.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032496395_0:0:1707:1280_1920x0_80_0_0_03b246cbde20284b4a90fc81afdd14ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барқ, пул, тоҷикистон, ӯзбекистон, ҳамкорӣ, нерӯгоҳ, зарафшон
барқ, пул, тоҷикистон, ӯзбекистон, ҳамкорӣ, нерӯгоҳ, зарафшон
Барқ аз шумо, пул аз мо. Оидоти “Ёвон”-ро Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ гуна тақсим мекунанд?
20:30 20.07.2022 (Навсозишуда: 12:57 26.07.2022) Оғози аввалин лоиҳаи муштараки энержии Тоҷикистону Ӯзбекистон, НБО-и “Ёвон” на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати сиёсӣ низ як иқдоми муҳим аст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik, Алексей Юсупов. Ба Душанбе ва Тошканд бори аввал муяссар шуд, ки ихтилофоти деринаи истифодаи захираҳои обро бартараф намуда, ба ҳалли онҳо аз нуқтаи назари прагматикӣ камари ҳиммат банданд.
"НБО Ёвон бо иқтидори лоиҳавии 140 мВт дар як сол 700-800 миллион кВт/соат тавлид мекунад ва ҳамаи он ба Ӯзбекистон меравад, ҳарчанд худи НБО дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин чӣ фоида дорад? Бо ҷазби як воридкунандаи бузург пас аз 7-8 соли фаъолият НБО тамоми хароҷотро ҷуброн карда, даромади соф гирифтанро оғоз мекунад”, - шарҳ медиҳад коршиноси масоили энержӣ Ҳасан Қурбонов.
Ба гуфтаи мутахассис, мушкили аслии соҳаи гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон набудани харидорони боэътимоди нерӯи барқ аст, ки дар фасли баҳору тобистон миқдори зиёдатеро ташкил медиҳад.
Баҳси марзӣ бо Қирғизистон интиқоли барқ ба он кишварро қатъ кард. Воридкунандаи дувуми барқи Тоҷикистон, Афғонистон ҳамвора пардохти пули барқро ба таъхир меандозад, ки дар натиҷа қарзи чандмиллиондолларӣ ба таври доимӣ афзоиш меёбад.
"Ӯзбекҳо ҳамеша дуруст пардохт мекунанд, илова бар ин дар мавсими камчинии барқ, тирамоҳу зимистон моро бо нерӯи барқи изофӣ кӯмак мекунанд. Солҳои пеш чунин тарҳро ба далели ихтилофоти сиёсӣ амалӣ карда наметавонистанд, аммо ҳоло бо нерӯи барқ таъмин кардани ҳадди ақал 10 ҳазор хонавода ва ё ҳудуди 40 корхонаи миёнаи саноатӣ фоидаовар арзёбӣ мешавад”, - афзуд Қурбонов.
Қаблан тамоми даъвоҳои Узбакистон алайҳи Тоҷикистон дар мавриди бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ ба истифодаи оқилонаи захираҳои об марбут буд. Тошканд аз он метарсид, Душанбе метавонад дар мавсими кишт камбуди оби сунъӣ ба вуҷуд орад, ки барои киштзорҳо хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Аммо акнун ки сарони ҷумҳуриҳо ҳуҷҷати стратегии дӯстию иттифоқи абадиро ба имзо расонданд, масъалаи нобоварӣ аз байн рафт. Ҳарчанд иддае аз зистшиносон бар ин назаранд, ки сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Ёвон” метавонад ба коҳиши оби дарёи Зарафшон ва ҳамин тариқ ба обёрии заминҳои кишоварзии Ӯзбакистон таъсир расонад.
"Тибқи ҳисобҳои мо, дар сурати татбиқи лоиҳаи маҷмааи барқи обӣ, ки сохтмони туннели ирригатсионии дорои суръати 50 метри мукааб дар як сонияро пешбинӣ мекунад, коҳиши об тайи як сол мумкин аст, 0,4 километри мукааб зиёд шавад. Аммо агар мо танзими доимии ҷараёни об, яъне сарфаи об ва автоматикунонии тақсими обро ҷорӣ кунем, аз ин ҳолат пешгирӣ кардан мумкин аст”, - мегӯяд эколог Зумрад Набиева.
Ба гуфтаи вай, бо такя ба захираҳо дар танзими захираҳои об дар ҳавзаи рӯдхонаи Зарафшон вазъ дар ростои афзоиши самаранокии истифодаи захираҳои обу замин ва коҳиши талафот беҳтар хоҳад шуд.
Дар мавриди ҷанбаи сиёсии ин тарҳ бошад, дар ин ҷо манфиатҳо рӯшан ба назар мерасанд – афзоиши равандҳои ҳамгироии минтақаӣ дар мисоли муваффақи Тоҷикистону Узбакистон метавонад кишварҳои дигари Осиёи Марказиро барои пайвастан ба онҳо ташвиқ кунад.
Масалан, ҳамкорӣ бо Қирғизистон, ки дар фасли баҳору тобистон барқ дорад ва метавонад онро ба ҳамсояҳояш қисмат кунад, хеле муфид хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, мебинед, ки мушкилоти сарҳад ҳам ҳал шуд.