Дар Амрико истеъфои Байденро талаб доранд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗаявление Джо Байдена по ситуации на Украине
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2022
Обуна шудан
Дар Амрико ба далели нотавон будани раисҷумҳур истеъфои ӯро талаб доранд. Ин пеҳниҳодро муаллифи "American Thinker" намуд
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Муаллифи портали "American Thinker" Андреа Уидбург президенти ИМА Ҷо Байденро сиёсатмадори "пӯсида" номид ва хостори истеъфои ӯ шуд.
"Дар ду рӯзи охир мо дидем, ки майнаи Байден пӯсида истодааст, дар ҳоле ки бадани ӯ зиндагӣ карданро идома медиҳад. Вай дар вақти воқеӣ бо микрофон сухан ронда, дурӯғ мегӯяд, далелҳоро аз "ҳаёти худ" мебофад ва сафсатаҳои нофаҳмо мегӯяд", - гуфт журналист.
Ба гуфтаи муаллифи нашрия, умеди демократҳо барои нигоҳ доштани назорат бар Маҷлиси намояндагон бефоида аст ва суханрониҳои пешазинтихоботии Байден танҳо мавқеи ҳизбашро бадтар кардааст.
Женева в преддверии саммита президента России В. Путина и президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2022
Иштибоҳи дигари Байден боиси тамасхӯраш шуд
"Ман инро танҳо барои он мегӯям, ки Байдени пӯсида, нотавон ва фасодзадаи аслӣ ҳоло аз экранҳо ба мо менигарад ва гӯё миллати моро роҳбарӣ мекунад" гуфт Уидбург.
Байден, ки имсол 80-сола мешавад, куҳансолтарин раиси ҷумҳури Амрико дар таърих шуд. Вай мунтазам ба ҳолатҳои хандовар дучор мешавад, мухолифони раҳбари Амрико синну сол ва мушкилоти эҳтимолии саломатиро сабаби ин медонанд.
Лентаи хабарҳо
0