https://sputnik.tj/20221104/tuhfa-rustami-emomali-nurobod-1052627326.html
Туҳфаи Рустами Эмомалӣ ба Нуробод расид
Туҳфаи Рустами Эмомалӣ ба Нуробод расид
Sputnik Тоҷикистон
Ба шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод як микроавтобус ва ду техникаи коммуналӣ — туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расиданд
2022-11-04T14:25+0500
2022-11-04T14:25+0500
2022-11-04T14:55+0500
дар тоҷикистон
нуробод
кӯмак
раиси шаҳр
душанбе
дастрасӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/04/1052624994_0:31:600:369_1920x0_80_0_0_3ec1339dccc9cfa00d6f25297e122e40.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод туҳфаҳои фиристодаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро иборат аз як адад микроавтобус ва ду адад техникаи коммуналӣ қабул карданд, иттилоъ додааст мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод.Таъкид шудааст, ки шаҳраки дарбанди ноҳияи Нуробод навбунёд буда, корхонаи коммуналии он аз сабаби надоштани техникаҳои зарурии коммуналӣ барои кашонидани партовҳои гуногуни аҳолӣ ба мушкилии ҷиддӣ гирифтор буд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 37 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар, боркашонӣ ва техникаҳои коммуналӣ фиристода шуданд.Воситаҳои нақлиёт ва техникаҳои коммуналӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо назардошти фаро расидани фасли сармо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун кумак дода шуданд.Ин воситаҳо, аз ҷумла ба шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Варзоб, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ирсол гардиданд.
https://sputnik.tj/20221026/rustami-emomali-shahr-nohiya-tojikiston-naqliyot-hadya-1052443244.html
нуробод
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/04/1052624994_34:0:567:400_1920x0_80_0_0_29595a38e73a2840a28cddf65673c0e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нуробод, кумак, рустам эмомалӣ, раиси шаҳри душанбе, техника, туҳфа
тоҷикистон, нуробод, кумак, рустам эмомалӣ, раиси шаҳри душанбе, техника, туҳфа
Туҳфаи Рустами Эмомалӣ ба Нуробод расид
14:25 04.11.2022 (Навсозишуда: 14:55 04.11.2022) Ба шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод як микроавтобус ва ду техникаи коммуналӣ — туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расиданд
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод туҳфаҳои фиристодаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро иборат аз як адад микроавтобус ва ду адад техникаи коммуналӣ қабул карданд, иттилоъ додааст мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод.
Таъкид шудааст, ки шаҳраки дарбанди ноҳияи Нуробод навбунёд буда, корхонаи коммуналии он аз сабаби надоштани техникаҳои зарурии коммуналӣ барои кашонидани партовҳои гуногуни аҳолӣ ба мушкилии ҷиддӣ гирифтор буд.
“Хушбахтона, бо дастгирии Рустами Эмомалӣ ин мушкилӣ дар ноҳия бартараф гардид”,- зикр кардааст мақомоти ин ноҳия.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 37 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар, боркашонӣ ва техникаҳои коммуналӣ фиристода шуданд.
Воситаҳои нақлиёт ва техникаҳои коммуналӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо назардошти фаро расидани фасли сармо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун кумак дода шуданд.
Ин воситаҳо, аз ҷумла ба шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Варзоб, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ирсол гардиданд.