https://sputnik.tj/20221026/rustami-emomali-shahr-nohiya-tojikiston-naqliyot-hadya-1052443244.html
Рустами Эмомалӣ ба даҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон 37 нақлиёт ҳадя кард
Рустами Эмомалӣ ба даҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон 37 нақлиёт ҳадя кард
Sputnik Тоҷикистон
Нақлиётҳое, ки шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз ҷониби мири пойтахт дастрас намуданд, боркашонӣ, техникаи коммуналӣ ва ҳамчунин мусофиркашонӣ мебошанд 26.10.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-10-26T18:52+0500
2022-10-26T18:52+0500
2022-10-26T18:52+0500
дар тоҷикистон
рустами эмомалӣ
нақлиёт
иҷтимоъ
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1045004330_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_9b7354e22f95713e5200525231103371.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат 37 адад нақлиёт ҳадя кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси пойтахт.Бар хабари манбаъ, нақлиётҳои ҳадякарда аслан мошинҳои борбар, техникаи коммуналӣ ва ҳамчунин мусофирбарӣ мебошанд, ки ба се шаҳру ҳафт наҳия тақсим карда шуданд.Манбаъ меафзояд, бо назардошти фаро расидани фасли сармо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин воситаҳои нақлиётӣ ҳамчун кумак дода шуданд.Маврид ба зикр аст, ки қаблан шаҳрдории Душанбе гуфт, ки соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти мақомот қарор дорад.Ба иттилои манбаъ, дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 406 автобус, 78 троллейбус, 1004 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 2505 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар мешаванд.Шаҳрдорӣ қайд карда буд, ки тибқи шартнома хариди 20 электробуси замонавии то 200 км бо неруи барқ ҳаракаткунанда ва 10 электро-троллейбуси худрави муосири то 40 км бе пайвастшавӣ ба хатти неруи барқ ҳаракаткунанда, инчунин, ҷиҳати бо неруи барқ таъмин намудани электробусҳо хариди 10 таҷҳизоти қувватдиҳанда ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20220814/maqomoti-dushanbe-bakhshi-musofirkashoni-behtar-1050710694.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1045004330_48:0:1863:1361_1920x0_80_0_0_17767fb39f5426e6d137f0bc464be4a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рустами эмомалӣ, нақлиёт, иҷтимоъ, нақлиёт
дар тоҷикистон, рустами эмомалӣ, нақлиёт, иҷтимоъ, нақлиёт
Рустами Эмомалӣ ба даҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон 37 нақлиёт ҳадя кард
Нақлиётҳое, ки шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз ҷониби мири пойтахт дастрас намуданд, боркашонӣ, техникаи коммуналӣ ва ҳамчунин мусофиркашонӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат 37 адад нақлиёт ҳадя кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси пойтахт.
Бар хабари манбаъ, нақлиётҳои ҳадякарда аслан мошинҳои борбар, техникаи коммуналӣ ва ҳамчунин мусофирбарӣ мебошанд, ки ба се шаҳру ҳафт наҳия тақсим карда шуданд.
"Ин воситаҳо, ба шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Варзоб, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ирсол гардиданд
Манбаъ меафзояд, бо назардошти фаро расидани фасли сармо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин воситаҳои нақлиётӣ ҳамчун кумак дода шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан шаҳрдории Душанбе гуфт, ки соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти мақомот қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 406 автобус, 78 троллейбус, 1004 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 2505 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар мешаванд.
Шаҳрдорӣ қайд карда буд, ки тибқи шартнома хариди 20 электробуси замонавии то 200 км бо неруи барқ ҳаракаткунанда ва 10 электро-троллейбуси худрави муосири то 40 км бе пайвастшавӣ ба хатти неруи барқ ҳаракаткунанда, инчунин, ҷиҳати бо неруи барқ таъмин намудани электробусҳо хариди 10 таҷҳизоти қувватдиҳанда ба нақша гирифта шудааст.