https://sputnik.tj/20221104/imron-khon-pokiston-zakhmi-1052624065.html
Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон захмӣ шуд
Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон захмӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо дар бораи тирандозӣ аз сӯйи як фарди мусаллаҳ ба корвони нахуствазири собиқи Покистон ва захми шудани ӯ хабар доданд
2022-11-04T10:00+0500
2022-11-04T10:00+0500
2022-11-04T14:57+0500
покистон
осиё
имрон хон
захмӣ
тирандозӣ
ҳамлаи террористӣ
нахуствазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103057/38/1030573829_0:0:2819:1586_1920x0_80_0_0_11193731f449d879bbd7a1f70a761647.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Нахуствазири собиқи Покистон Имрон Хон, бар асари тирандозии як фарди мусаллаҳ ба корвони вай захмӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории Садо ва Симо.Иттилоъ дода шудааст, ки фарди муҳоҷим боздошт ва дар ин ҳамла як нафари дигар ҳам захмӣ шудааст.Имрон Хон ахиран борҳо Амрикоро бар дахолат дар умӯри дохилии Покистон ва тағйири давлат дар ин кишвар муттаҳам карда буд.Дар ҷадидтарин таҳаввулоти сиёсии Покистон ва бо тавваҷуҳ ба натоиҷи расмӣ, ки рӯзи душанбеи гузашта мунташир шуд, Имрон Хон, нахуствазири собиқи Покистон барандаи интихоботи миёндавраии Покистон шуда буд.Имрон Хон қаблан аз маҷмуи ҳашт интихоботи миёндавраӣ шахсан дар шаш давраи он ширкат кардаву пирӯз шуда буд. Ҳадаф аз ин созукор нишон додани ин мавзуъ ҳаст, ки то чӣ ҳад вай миёни мардум маҳбуб ҳаст.Барои як номзади интихоботӣ дар Покистон ин имкон вуҷуд дорад то барои касби чандин курсӣ худро номзад кунад.Гарчанде Имрон Хон дар ҳавзаҳои мухталиф интихоб шавад, яке аз ҳавзаҳоро ба унвони намоянда интихоб мекунад ва сипас дар соири ҳавзаҳо раъйгирии нав ташкил мешавад.
https://sputnik.tj/20220619/imron-khon-istefo-hukumat-amriko-muttaham-1049332842.html
покистон
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103057/38/1030573829_88:0:2819:2048_1920x0_80_0_0_92c3e4a89a80182687450de9590e266b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
покистон, имрон хон, захмӣ, ҳамла, террористӣ, нахуствазир пешин, мусаллаҳ, фард
покистон, имрон хон, захмӣ, ҳамла, террористӣ, нахуствазир пешин, мусаллаҳ, фард
Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон захмӣ шуд
10:00 04.11.2022 (Навсозишуда: 14:57 04.11.2022) Расонаҳо дар бораи тирандозӣ аз сӯйи як фарди мусаллаҳ ба корвони нахуствазири собиқи Покистон ва захми шудани ӯ хабар доданд
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Нахуствазири собиқи Покистон Имрон Хон, бар асари тирандозии як фарди мусаллаҳ ба корвони вай захмӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории Садо ва Симо.
Иттилоъ дода шудааст, ки фарди муҳоҷим боздошт ва дар ин ҳамла як нафари дигар ҳам захмӣ шудааст.
Имрон Хон ахиран борҳо Амрикоро бар дахолат дар умӯри дохилии Покистон ва тағйири давлат дар ин кишвар муттаҳам карда буд.
Дар ҷадидтарин таҳаввулоти сиёсии Покистон ва бо тавваҷуҳ ба натоиҷи расмӣ, ки рӯзи душанбеи гузашта мунташир шуд, Имрон Хон, нахуствазири собиқи Покистон барандаи интихоботи миёндавраии Покистон шуда буд.
Имрон Хон қаблан аз маҷмуи ҳашт интихоботи миёндавраӣ шахсан дар шаш давраи он ширкат кардаву пирӯз шуда буд. Ҳадаф аз ин созукор нишон додани ин мавзуъ ҳаст, ки то чӣ ҳад вай миёни мардум маҳбуб ҳаст.
Барои як номзади интихоботӣ дар Покистон ин имкон вуҷуд дорад то барои касби чандин курсӣ худро номзад кунад.
Гарчанде Имрон Хон дар ҳавзаҳои мухталиф интихоб шавад, яке аз ҳавзаҳоро ба унвони намоянда интихоб мекунад ва сипас дар соири ҳавзаҳо раъйгирии нав ташкил мешавад.