https://sputnik.tj/20220619/imron-khon-istefo-hukumat-amriko-muttaham-1049332842.html
Имрон Хон дар истеъфои иҷбории худ Ҳукумати Амрикоро муттаҳам кард
Имрон Хон дар истеъфои иҷбории худ Ҳукумати Амрикоро муттаҳам кард
Sputnik Тоҷикистон
Имрон Хон ба расонаҳо гуфт, ки дар паси истеъфои маҷбурии ӯ аз мақоми нахуствазири Покистон кӣ истода буд
2022-06-19T19:10+0500
2022-06-19T19:10+0500
2022-06-20T14:25+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
покистон
имрон хон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102988/38/1029883839_0:336:2841:1934_1920x0_80_0_0_caf4e8bea9851304b1c8ad1304d97687.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон ва раиси ҳизби Таҳрики Инсоф (Ҷунбиши адолат) гуфт, дар барканории ӯ аз мақоми нахуствазирӣ ҳукумати Амрико даст дорад.Ӯ дар моҳи апрели соли 2022 пас аз тасвиби раъйи нобоварии парлумони Покистон ба ӯ маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад. Қаблан, рӯзи 24 феврал вай бо як сафари расмӣ вориди Маскав шуд.Собиқ нахуствазири Покистон дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии Sunday Times гуфт, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу гӯё ӯро аз хатари сарнагунии ногузир дар пешорӯи раъйдиҳии эътимод ҳушдор додааст.Имрон Хон бо истинод ба ҳарфҳои Лу таъкид намуд, ки ҳукумати Амрико қасд дошт, ки дар сурати барканор нашудани ӯ ба Покистон фишор оварад.Сиёсатмадор ҳамчунин мӯътақид аст, ки ҳаҷми ришва барои овоздиҳӣ алайҳи ӯ 1 миллион долларро ташкил додааст.Ҳамзамон, сарвазири собиқ гуфт, ки вай матни телеграммаро фавран нашр накардааст, зеро гӯё ин кор ба душманони Покистон имкон медод, то рамзи муайянеро, ки тавассути он интиқол дода шудааст, боз кунанд.Рӯзи 26 май нахуствазири барканоршуда ба ҳукумати Покистон шарт гузошт. Вай талаб кард, ки дар давоми шаш рӯз порлумон пароканда ва интихоботи пеш аз муҳлат таъин карда шавад. Пас аз барканории Имрон хон, Шаҳбоз Шариф интихоб шуд, ки рақибаш аз ӯ "ғуломи Амрико" ном бурд.
https://sputnik.tj/20220411/hazoron-jonibdor-imron-khon-kucha-rekht-video-1047541671.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102988/38/1029883839_110:0:2841:2048_1920x0_80_0_0_5bab3e5b96faaa8c1ea49f9810f7d70b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имрон хон истеъфо амрико муттаҳам
имрон хон истеъфо амрико муттаҳам
Имрон Хон дар истеъфои иҷбории худ Ҳукумати Амрикоро муттаҳам кард
19:10 19.06.2022 (Навсозишуда: 14:25 20.06.2022) Имрон Хон ба расонаҳо гуфт, ки пушти истеъфои маҷбурии ӯ аз мақоми нахуствазири Покистон кӣ истода буд. Ӯ дар моҳи апрели имсол истеъфо дода буд
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон ва раиси ҳизби Таҳрики Инсоф (Ҷунбиши адолат) гуфт, дар барканории ӯ аз мақоми нахуствазирӣ ҳукумати Амрико даст дорад.
Ӯ дар моҳи апрели соли 2022 пас аз тасвиби раъйи нобоварии парлумони Покистон ба ӯ маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад. Қаблан, рӯзи 24 феврал вай бо як сафари расмӣ вориди Маскав шуд.
Собиқ нахуствазири Покистон дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии Sunday Times гуфт, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу гӯё ӯро аз хатари сарнагунии ногузир дар пешорӯи раъйдиҳии эътимод ҳушдор додааст.
Имрон Хон бо истинод ба ҳарфҳои Лу таъкид намуд, ки ҳукумати Амрико қасд дошт, ки дар сурати барканор нашудани ӯ ба Покистон фишор оварад.
Сиёсатмадор ҳамчунин мӯътақид аст, ки ҳаҷми ришва барои овоздиҳӣ алайҳи ӯ 1 миллион долларро ташкил додааст.
Ҳамзамон, сарвазири собиқ гуфт, ки вай матни телеграммаро фавран нашр накардааст, зеро гӯё ин кор ба душманони Покистон имкон медод, то рамзи муайянеро, ки тавассути он интиқол дода шудааст, боз кунанд.
Рӯзи 26 май нахуствазири барканоршуда ба ҳукумати Покистон шарт гузошт. Вай талаб кард, ки дар давоми шаш рӯз порлумон пароканда ва интихоботи пеш аз муҳлат таъин карда шавад. Пас аз барканории Имрон хон, Шаҳбоз Шариф интихоб шуд, ки рақибаш аз ӯ "ғуломи Амрико" ном бурд.