https://sputnik.tj/20221103/tojikiston-sanoati-kishvar-rushd-1052619077.html
Мақомоти Тоҷикистон гуфт, соҳаи саноати кишвар аз ҳисоби чӣ рушд кардааст
Мақомоти Тоҷикистон гуфт, соҳаи саноати кишвар аз ҳисоби чӣ рушд кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд рушди соҳаи саноа аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, истихроҷ саноати коркард, таъминоти неруи барқ, газ ба амал омадааст
2022-11-03T21:10+0500
2022-11-03T21:10+0500
2022-11-03T21:10+0500
дар тоҷикистон
рушд
саноат
коркард
рушд
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516143_0:176:3073:1904_1920x0_80_0_0_f7a23cbacd62082556f8b0b13409cdad.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар 9 моҳи соли равон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 30011,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 18 дарсад афзудааст, иттилоъ додааст Агентии омори Тоҷикистон.Манбаъ хабар додааст, ки омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ 7,4 фоиз, саноати коркард 16,6 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 16,2 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа 8,7 фоиз ба амал омадааст.Агенти хабар додааст, ки дар саноати истихроҷи маъдан дар моҳҳои январ – сентябри соли 2022 ба маблағи 6933,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 7,4 фоиз зиёд шудааст.Тибқи иттилои манбаъ афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рўи намудҳои маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби маъданҳои филизӣ 7,0 фоиз, ангиштсанг ва бур 20,1 фоиз, ҳар гуна канданиҳои фоиданок 3,0 фоиз мушоҳида мегардад.Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ – сентябри соли равон 17726,6 млн сомонӣ, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 6521,5 млн сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 2774,4 млн сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 264,0 млн сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 54,9 млн сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ 246,1 млн сомонӣ, ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 2509,7 млн сомонӣ, истеҳсолоти металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ 4705,1 млн сомониро ташкил дод.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 16,6 фоиз зиёд шудааст.Ҳамзамон тибқи иттилои Агентии омор. дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 24,0 фоиз зиёд шудааст, ки асосан аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли газворҳо 2,9 баробар, қолин ва маснуоти қолин 1,5 баробар, газворҳои абрешим (атлас) 2,4 баробар, либосҳои мактабӣ 27,0 фоиз мушоҳида мегардад.Дар 9 моҳи соли равон истеҳсоли маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 1,8 фоиз зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии хишти бинокорӣ 15,2 дарсад, гаҷу санг 6,8 фоиз ба вуқӯъ омадааст.Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 3157,53 сомониро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20220727/imzoi-yoddoshti-tafohum-sifat-sanoat-tojikiston-dundariar-turkiya-1050307374.html
https://sputnik.tj/20220626/mutakhassis-geolog-sanoat-peshnihod-sherali-kabir-dom-khorugh-1049518181.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516143_0:0:2721:2041_1920x0_80_0_0_553bf17cb601b50af70ffb8ed545baf9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, рушд, нерӯи барқ, истихроҷ, мақомот
тоҷикистон, саноат, рушд, нерӯи барқ, истихроҷ, мақомот
Мақомоти Тоҷикистон гуфт, соҳаи саноати кишвар аз ҳисоби чӣ рушд кардааст
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд рушди соҳаи саноа аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, истихроҷ саноати коркард, таъминоти неруи барқ, газ ба амал омадааст
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар 9 моҳи соли равон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 30011,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 18 дарсад афзудааст, иттилоъ додааст Агентии омори Тоҷикистон.
Манбаъ хабар додааст, ки омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ 7,4 фоиз, саноати коркард 16,6 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 16,2 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа 8,7 фоиз ба амал омадааст.
Агенти хабар додааст, ки дар саноати истихроҷи маъдан дар моҳҳои январ – сентябри соли 2022 ба маблағи 6933,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 7,4 фоиз зиёд шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рўи намудҳои маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби маъданҳои филизӣ 7,0 фоиз, ангиштсанг ва бур 20,1 фоиз, ҳар гуна канданиҳои фоиданок 3,0 фоиз мушоҳида мегардад.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ – сентябри соли равон 17726,6 млн сомонӣ, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 6521,5 млн сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 2774,4 млн сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 264,0 млн сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 54,9 млн сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ 246,1 млн сомонӣ, ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 2509,7 млн сомонӣ, истеҳсолоти металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ 4705,1 млн сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 16,6 фоиз зиёд шудааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои Агентии омор. дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 24,0 фоиз зиёд шудааст, ки асосан аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли газворҳо 2,9 баробар, қолин ва маснуоти қолин 1,5 баробар, газворҳои абрешим (атлас) 2,4 баробар, либосҳои мактабӣ 27,0 фоиз мушоҳида мегардад.
Дар 9 моҳи соли равон истеҳсоли маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 1,8 фоиз зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии хишти бинокорӣ 15,2 дарсад, гаҷу санг 6,8 фоиз ба вуқӯъ омадааст.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 3157,53 сомониро ташкил медиҳад.