https://sputnik.tj/20220727/imzoi-yoddoshti-tafohum-sifat-sanoat-tojikiston-dundariar-turkiya-1050307374.html
Имзои ёддошти тафоҳум миёни ширкатҳои “Сифат саноат”-и Тоҷикистон ва “Dundariar”-и Туркия
Имзои ёддошти тафоҳум миёни ширкатҳои “Сифат саноат”-и Тоҷикистон ва “Dundariar”-и Туркия
Sputnik Тоҷикистон
Барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни корхонаҳои дӯзандагии “Сифат саноат”-и Тоҷикистон ва “DUNDARIAR”-и Туркия, Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
2022-07-27T20:40+0500
2022-07-27T20:40+0500
2022-07-27T20:50+0500
дар тоҷикистон
туркия
ҳамкорӣ
имзо
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045413006_0:315:3080:2048_1920x0_80_0_0_e3fe526979cc4e816ce90c4ff6939ed0.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Туркия дар самтҳои саноат ва соҳибкорӣ бо ташаббус ва мусоидати Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия гурӯҳи соҳибкорони шаҳри Болуи Туркия бо сафари шиносоӣ ба Тоҷикистон омаданд, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.Тибқи иттилои манбаъ, ҳадаф аз ин, дарёфти шарики боэътимоди ҳамтоёни тоҷик, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои тиҷоратӣ мебошад.Гуфта мешавад, ки ба нақша гирифтани чунин ҳамкориҳо, гувоҳи фаъолияти густурда ва боэътимоди сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашраф Гулов мебошад, ки барои таъсиси корхонаҳои муштарак тадбирҳои зарурӣ меандешад.Дар доираи сафар, сафорати Туркия дар Душанбе мулоқоти ҳайатҳои тиҷоратии ду кишварро роҳандозӣ намуд, ки дар он сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл иштирок дошт.Таъкид шудааст, ки барои табодули таҷрибаи корхонаҳои истеҳсолӣ директори ширкати “Сифат саноат” Ҳокимшо Идиев яке аз омилҳои рушдро дар ин самт ташкили корхонаҳои муштарак арзёбӣ намуд.Бояд қайд кард, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ “Сифат саноат”-и Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии “Dundariar”-и Туркия, Ёддошти тафоҳум имзо шуд.
https://sputnik.tj/20220720/bayoniyai-rusiya-turkiya-eron-suriya-1050118980.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045413006_235:0:2966:2048_1920x0_80_0_0_88f46023cbe5de63b86e18cc4a560e36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, ёддошти тафоҳум, ҳамкорӣ, дӯзандагӣ, ширкат, имзо
тоҷикистон, туркия, ёддошти тафоҳум, ҳамкорӣ, дӯзандагӣ, ширкат, имзо
Имзои ёддошти тафоҳум миёни ширкатҳои “Сифат саноат”-и Тоҷикистон ва “Dundariar”-и Туркия
20:40 27.07.2022 (Навсозишуда: 20:50 27.07.2022) Барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни корхонаҳои дӯзандагии “Сифат саноат”-и Тоҷикистон ва “Dundariar”-и Туркия, Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Туркия дар самтҳои саноат ва соҳибкорӣ бо ташаббус ва мусоидати Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия гурӯҳи соҳибкорони шаҳри Болуи Туркия бо сафари шиносоӣ ба Тоҷикистон омаданд, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳадаф аз ин, дарёфти шарики боэътимоди ҳамтоёни тоҷик, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои тиҷоратӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки ба нақша гирифтани чунин ҳамкориҳо, гувоҳи фаъолияти густурда ва боэътимоди сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашраф Гулов мебошад, ки барои таъсиси корхонаҳои муштарак тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар доираи сафар, сафорати Туркия дар Душанбе мулоқоти ҳайатҳои тиҷоратии ду кишварро роҳандозӣ намуд, ки дар он сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл иштирок дошт.
Таъкид шудааст, ки барои табодули таҷрибаи корхонаҳои истеҳсолӣ директори ширкати “Сифат саноат” Ҳокимшо Идиев яке аз омилҳои рушдро дар ин самт ташкили корхонаҳои муштарак арзёбӣ намуд.
Бояд қайд кард, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ “Сифат саноат”-и Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии “Dundariar”-и Туркия, Ёддошти тафоҳум имзо шуд.