Тоҷикистон дар Русия имконоти сайёҳии худро намоиш медиҳад

© Sputnik / Стас ЭтвешГиссарская крепость, архивное фото
Гиссарская крепость, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
Обуна шудан
Ин ҳамоиш имконе барои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хоҳад буд, то равобиташонро дар самти сайёҳӣ тақвият ва таҷорубашонро мубодила кунанд
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Тоҷикистон дар ҳамойиши байналмилалии гардишгарии Travel Hub "Commonwealth", ки рӯзҳои 9-10 ноябр дар Санкт-Петербург баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Ин ҳамоиш дар Қасри таврия – қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.
Қарор аст, ки ҷумҳурӣ дар намоишгоҳи сайёҳӣ имконоти доштааш дар ин соҳаро муаррифӣ мекунад ва дар ҷаласаи муаррифии “Массари нав” ширкат хоҳад кард.
Масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иқтидори сайёҳии кишварҳо ва минтақаҳои ИДМ, сайёҳии тиббию экологӣ, тамоюлҳои саноати ҷаҳонӣ дар замони ноором барои он, дурнамои ивази воридот дар тамоми сатҳҳои он мебошанд.
Дорога в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Миёни кишварҳои СҲШ долони нави нақлиётӣ ва транзитӣ пайдо мешаванд
Дар назар аст, ки дар чорабинӣ роҳбарони ниҳодҳои дахлдори кишварҳои муштаракулманофеъ, намояндагони маъмурияти Санкт-Петербург ва кумитаи иҷроияи ИДМ, инчунин мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, кормандони меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоиву наклиётӣ ширкат кунанд.
Маркази сайёҳии "Иттиҳод" як платформаест, ки соли 2019 барои муттаҳид сохтани тамоми иштирокчиёни соҳаи сайёҳии кишварҳои ИДМ таъсис дода шудааст.
Ҳадафи аслии вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳое, ки таҳти сарпарастии он баргузор мешаванд, рушди робитаҳои нав байни иштирокчиёни бозори сайёҳии кишварҳои иттиҳод дар заминаи баста шудани қисман сарҳадҳо ва хуруҷи як қатор бозигарони байналмилалӣ дар ИДМ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0