https://sputnik.tj/20221102/kishvarho-shsh-dolon-nav-naqliyot-tranzit-paydo-1052571992.html
Миёни кишварҳои СҲШ долони нави нақлиётӣ ва транзитӣ пайдо мешаванд
Миёни кишварҳои СҲШ долони нави нақлиётӣ ва транзитӣ пайдо мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони кишварҳои узви ин созмон ба мувофиқа расиданд, ки технологияҳои рақамӣ, инноватсионӣ ва каммасрафро ҷорӣ кунанд
2022-11-02T09:04+0500
2022-11-02T09:04+0500
2022-11-02T09:53+0500
дар тоҷикистон
сҳш
нақлиёт
транзит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/01/1043865260_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_7700727ec23e7a186e73f0901ef49a43.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай қасд доранд, долонҳои нақлиётию транзити минтақавӣ ташкил кунанд. Изҳороти дахлдор дар баёнияи муштараке, ки рӯзи ахиран дар паи ҷаласаи 21-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои СҲШ қабул шуд, омадааст. "Роҳбарони ҳайатҳо нияти кишварҳои узвро ҷиҳати ноил шудан ба истифодаи самараноки иқтидори транзити СҲШ, ташаккули долонҳои нақлиётию транзити минтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузург, ки ба таҳкими ҳамбастагии нақлиётӣ дар фазои созмон мусоидат мекунанд, тасдиқ намуданд", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.Иштирокчиёни вохӯрӣ аҳамияти таъсиси хатсайрҳои нав ва модернизатсияи хатсайрҳои мавҷудаи байналмилалиро ҳам барои нақлиёти автомобилӣ ва ҳам роҳи оҳан қайд карданд. Чунин тадбирҳо нисбати долонҳои мултимодалии нақлиётӣ ва марказҳои логистикӣ низ андешида мешаванд. Илова бар ин, сарони ҳайатҳо оид ба технологияҳои рақамӣ, инноватсионӣ ва каммасраф, инчунин оптимизатсияи расмиёти фаромарзӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ба мувофиқа расиданд. Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар шакли видеоконфронс таҳти раёсати Чин баргузор шуд. Дар чорабинӣ сарони ҳукуматҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Ҳиндустон ва Покистонро вазирони корҳои хориҷияшон намояндагӣ карданд. Давлатҳои нозир ба ин кор Беларус, Эрон ва Муғулистон ҳамроҳ шуданд. Туркманистон ҳам ба ин нишаст даъват шуда буд.
https://sputnik.tj/20220808/davlat-tranzit-strategiya-tojikiston-1050576492.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/01/1043865260_244:0:2975:2048_1920x0_80_0_0_8c5ab0382b30744156dbe5914b9745ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кишварҳо сҳш долонҳо нав нақлиёт тафсилот
кишварҳо сҳш долонҳо нав нақлиёт тафсилот
Миёни кишварҳои СҲШ долони нави нақлиётӣ ва транзитӣ пайдо мешаванд
09:04 02.11.2022 (Навсозишуда: 09:53 02.11.2022) Намояндагони кишварҳои узви ин созмон ба мувофиқа расиданд, ки технологияҳои рақамӣ, инноватсионӣ ва каммасрафро ҷорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай қасд доранд, долонҳои нақлиётию транзити минтақавӣ ташкил кунанд.
Изҳороти дахлдор дар баёнияи муштараке, ки рӯзи ахиран дар паи ҷаласаи 21-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои СҲШ қабул шуд, омадааст.
"Роҳбарони ҳайатҳо нияти кишварҳои узвро ҷиҳати ноил шудан ба истифодаи самараноки иқтидори транзити СҲШ, ташаккули долонҳои нақлиётию транзити минтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузург, ки ба таҳкими ҳамбастагии нақлиётӣ дар фазои созмон мусоидат мекунанд, тасдиқ намуданд", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Иштирокчиёни вохӯрӣ аҳамияти таъсиси хатсайрҳои нав ва модернизатсияи хатсайрҳои мавҷудаи байналмилалиро ҳам барои нақлиёти автомобилӣ ва ҳам роҳи оҳан қайд карданд.
Чунин тадбирҳо нисбати долонҳои мултимодалии нақлиётӣ ва марказҳои логистикӣ низ андешида мешаванд.
Илова бар ин, сарони ҳайатҳо оид ба технологияҳои рақамӣ, инноватсионӣ ва каммасраф, инчунин оптимизатсияи расмиёти фаромарзӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ба мувофиқа расиданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар шакли видеоконфронс таҳти раёсати Чин баргузор шуд.
Дар чорабинӣ сарони ҳукуматҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Ҳиндустон ва Покистонро вазирони корҳои хориҷияшон намояндагӣ карданд.
Давлатҳои нозир ба ин кор Беларус, Эрон ва Муғулистон ҳамроҳ шуданд. Туркманистон ҳам ба ин нишаст даъват шуда буд.