https://sputnik.tj/20221103/sohibkoroni-samara-tojikiston-1052616806.html
Соҳибкорони Самара ба Тоҷикистон меоянд
Соҳибкорони Самара ба Тоҷикистон меоянд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе соҳибкорони Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Самараи Русия дар як дидор масъалаи рушди ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард
2022-11-03T18:45+0500
2022-11-03T18:45+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
самара
соҳибкор
тиҷорат
ҳамкорӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_0:27:1532:889_1920x0_80_0_0_2eb6898ff30978432e6e1675d6e7de57.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон вохуриҳои дуҷонибаи (B2B) миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Самараи Федератсияи Русия баргузор мешавад, иттилоъ додааст Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.Бино бар иттилои манбаъин дидори соҳибкорон рӯзи 10-уми ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.Манбаъ хабар додааст, ки ҳайати тиҷоратии вилояти Самараро зиёда аз 13 ширкату корхонаҳои хурду миёна ва бонуфуз муаррифӣ мекунанд.Таъкид шудааст, соҳибкорони Самара бо мақсади дидан намудан аз имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории Тоҷикистон ва пайдо намудани шарикони худ ба кишвар сафар хоҳанд кард.Ҳамзамон Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон таъкид доштааст, ки ширкатҳои ҳавасманди ҷумҳурӣ имкон доранд дар чорабинии мазкур иштирок намоянд.Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Русия ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар 8 моҳ нисбат ба соли 2021 беш аз 22% афзоиш ёфтааст.Гардиши коло ба 922,6 миллион доллар расид, ки ин нишон медиҳад, равобити тиҷории кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст.Бояд гуфт, ки дар соли 2021 гардиши мол нисбат ба соли 2020 қариб 45% афзоиш ёфта, ба ҳисоби доллар ба 1,2 млрд расида буд.
https://sputnik.tj/20221103/gardish-mol-rusiya-tojikiston-rushd-malumot-1052614062.html
самара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_116:0:1377:946_1920x0_80_0_0_44309ce0ca32f620909e30c59add0575.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, соҳибкорон, самара, душанбе, дидор, ҳамкорӣ, баррасӣ
тоҷикистон, соҳибкорон, самара, душанбе, дидор, ҳамкорӣ, баррасӣ
Соҳибкорони Самара ба Тоҷикистон меоянд
18:45 03.11.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Дар Душанбе соҳибкорони Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Самараи Русия дар як дидор масъалаи рушди ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон вохуриҳои дуҷонибаи (B2B) миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Самараи Федератсияи Русия баргузор мешавад, иттилоъ додааст Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъин дидори соҳибкорон рӯзи 10-уми ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Манбаъ хабар додааст, ки ҳайати тиҷоратии вилояти Самараро зиёда аз 13 ширкату корхонаҳои хурду миёна ва бонуфуз муаррифӣ мекунанд.
Таъкид шудааст, соҳибкорони Самара бо мақсади дидан намудан аз имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории Тоҷикистон ва пайдо намудани шарикони худ ба кишвар сафар хоҳанд кард.
“Ширкатҳои мазкур дар соҳаҳои омехта, тандурустӣ, косметология, қаннодӣ, обҳои нӯшокӣ, меваҳои хушк, кишоварзӣ, агролизинг, дистрибюторҳо ва ғайра иштирок менамоянд”, - иттилоъ додааст Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Ҳамзамон Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон таъкид доштааст, ки ширкатҳои ҳавасманди ҷумҳурӣ имкон доранд дар чорабинии мазкур иштирок намоянд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Русия ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар 8 моҳ нисбат ба соли 2021 беш аз 22% афзоиш ёфтааст.
Гардиши коло ба 922,6 миллион доллар расид, ки ин нишон медиҳад, равобити тиҷории кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст.
Бояд гуфт, ки дар соли 2021 гардиши мол нисбат ба соли 2020 қариб 45% афзоиш ёфта, ба ҳисоби доллар ба 1,2 млрд расида буд.