https://sputnik.tj/20221103/gardish-mol-rusiya-tojikiston-rushd-malumot-1052614062.html
Гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то куҷо рушд кард: маълумоти нав
Гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то куҷо рушд кард: маълумоти нав
Sputnik Тоҷикистон
Муносибатҳои тиҷоратии байни мамлакатҳо ба таври қобили мулоҳиза рушд карда дар ҳашт моҳ гардиши мол беш аз 22% афзоиш ёфтааст
2022-11-03T17:30+0500
2022-11-03T17:30+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
гардиши молу коло
тиҷорат
иқтисод
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/03/1052609198_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_8b0dd20a4148fbbe0510e9eb3c609527.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ҳаҷми гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар 8 моҳ нисбат ба соли 2021 беш аз 22% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия. Гардиши коло ба 922,6 миллион доллар расид, ки ин нишон медиҳад, равобити тиҷории кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст. Муовини вазири рушди иқтисод Дмитрий Волвач қайд кард, ки динамикаи робитаҳо дар ҳама сатҳҳо дар ҳоли рушд аст. Ҳамин тариқ, қаблан, дар соли 2021 гардиши мол нисбат ба соли 2020 қариб 45% афзоиш ёфта, ба ҳисоби доллар ба 1,2 млрд расида буд. Дар мавриди ҳузури сармоягузории соҳибкорони Русия дар Тоҷикистон, муовини вазир ҳамчунин аз таҳаввулоти мусбати зерин дар Тоҷикистон – таҳияи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон ва тағйирот дар қонунгузории андоз таъкид кард. Волвач ёдовар шуд, ки аз 1 январи соли 2022 Кодекси нави андози кишвар эътибор пайдо кард, ки дар он коҳиши шумори пардохтҳои андоз ва инчунин тадриҷан коҳиш додани меъёри андоз аз арзиши иловашуда пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20221029/maskav-sharik-tijorati-tojikiston-shomil-1052504528.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/03/1052609198_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_8de579b97029b0ab63634790de86020b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гардиш мол русия тоҷикистон рушд омор
гардиш мол русия тоҷикистон рушд омор
Гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то куҷо рушд кард: маълумоти нав
17:30 03.11.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Муносибатҳои тиҷоратии байни мамлакатҳо ба таври қобили мулоҳиза рушд карда дар ҳашт моҳ гардиши мол беш аз 22% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ҳаҷми гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар 8 моҳ нисбат ба соли 2021 беш аз 22% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия.
Гардиши коло ба 922,6 миллион доллар расид, ки ин нишон медиҳад, равобити тиҷории кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст.
Муовини вазири рушди иқтисод Дмитрий Волвач қайд кард, ки динамикаи робитаҳо дар ҳама сатҳҳо дар ҳоли рушд аст.
Ҳамин тариқ, қаблан, дар соли 2021 гардиши мол нисбат ба соли 2020 қариб 45% афзоиш ёфта, ба ҳисоби доллар ба 1,2 млрд расида буд.
Дар мавриди ҳузури сармоягузории соҳибкорони Русия дар Тоҷикистон, муовини вазир ҳамчунин аз таҳаввулоти мусбати зерин дар Тоҷикистон – таҳияи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон ва тағйирот дар қонунгузории андоз таъкид кард.
Волвач ёдовар шуд, ки аз 1 январи соли 2022 Кодекси нави андози кишвар эътибор пайдо кард, ки дар он коҳиши шумори пардохтҳои андоз ва инчунин тадриҷан коҳиш додани меъёри андоз аз арзиши иловашуда пешбинӣ шудааст.