Кишварҳои ИДМ масъалаҳои соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоиро баррасӣ карданд

© Sputnik / Стас ЭтвешФлаги СНГ, архивное фото
Флаги СНГ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
Обуна шудан
Дар 35-умин ҷаласаи Шӯрои машваратии меҳнат шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварҳои узви ИДМ масъалаҳои муҳимисоҳаи меҳнат баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар пойтахти Арманистон ҷаласаи 35-уми Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид, иттилоъ додааст вазорати меҳнат ва муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Иттилоъ дода гшудааст, ки дар ин ҷаласа 19 масъалаҳои соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои узви ИДМ баррасӣ гардид.
Аз ҷумла муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло, ки дар ин ҷаласа аз Тоҷикистон муаррифӣ мекард дар бораи вазъи иҷтимоию меҳнатӣ дар Тоҷикистон ва тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, бо кор таъмин намудани ҷавонон ва ҷалби онҳо ба намудҳои гуногуни шуғл, ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои меҳнатӣ дар Тоҷикистон изҳори андеша кард.
Здание международного информационного агентства Россия сегодня на Зубовском бульваре в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Ҳамоиши расонаии кишварҳои ИДМ - видео
Қайд карда шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин омодагӣ ба Конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Меъёрбандии меҳнат дар давлатҳои узви ИДМ”, ки баргузории он рӯзи 25 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, баррасӣ гардид.
Зикр гардидааст, ки ба ин конфронси байналмилалӣ намояндагони давлатҳои узви ИДМ, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои таҳқиқотӣ даъват хоҳанд шуд.
Инчунин иттилоъ дода шудаааст, ки аз натиҷаи ҷаласа як қатор қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0