Ҳамоиши расонаии кишварҳои ИДМ - видео

Обуна шудан
Иштирокчиёни форум вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияти васоити ахбори омма дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳлил мекунанд
Дар Маскав форуми "Рушди ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда" оғоз гардида, феълан идома дорад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Гурӯҳи расонаии байналмилалии "Россия сегодня" бо дастгирии Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва иртиботи оммаи Русия ташкил карда шуд.
Мавзӯи аслии ҳамоиш таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияти ВАО дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - ИДМ мебошад.
Мудири кулли "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв, мудири бахши иттилоот ва матбуоти ВУХ Русия Мария Захарова, раиси Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Беларус оид ба ҳуқуқи инсону муносибатҳои этникӣ Геннадий Давидко, раиси Иттифоқи журналистони Русия Владимир Соловёв ва дигарон суханронӣ мекунанд.
Матвиенко дар бораи ҷанги бесобиқаи иттилоотии Ғарб алайҳи Русия гуфт
Дар ҷаласаи пленарӣ шабоҳат ва тафовутҳои инкишофи бахши ВАО дар мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баррасӣ мегарданд. Ҳамчунин бархӯрди ҳамоҳанги намояндагони соҳа мавриди муҳокима қарор мегирад.
Иштирокчиёни ҷаласаҳои мавзӯӣ, ҳамчунин ба меъёрҳои таълими журналистика, фактчекинг ва кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0