Маълум шуд, ки дар ҳамоиши сайёҳӣ дар Русия Тоҷикистонро кӣ намояндагӣ мекунад

CC BY-SA 2.0 / letsgopens87 / IMG_4138Туристы в горах Таджикистана, архивное фото
Туристы в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
Обуна шудан
Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ мегӯяд, дар як чорабинии густарда Тоҷикистонро як ширкати дорои таҷрибаи бой муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Тоҷикистонро дар форуми сайёҳии Travel Hub "Содружество" дар Санкт-Петербург ширктаи сайёҳии "Артуч" намояндагӣ мекунад.
Дар ин бора муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода хабар дод.
"Ин ширкат қаблан дар чунин чорабиниҳо дар Русия ширкат карда ва дар муаррифии имконоти гардишгарӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи қобили мулоҳиза дорад", - гуфт ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Баргузории ҳамоиши туристӣ бо ширкати кишварҳои ИДМ рӯзҳои 9-10 ноябр дар назар аст.
Ба гуфтаи вакили Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург, раиси комиссияи махсус оид ба соҳаи сайёҳии парлумони шаҳр Елена Рахова, дар чорабинӣ туризми тиббию иқтисодӣ, рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, хатсайрҳои нав ва сайёҳӣ баррасӣ мешавад.
Яке аз аҳдофи аслии ҳамоиш тавсеъаи равобити нав дар заминаи баста шудани қисмии марзҳо ва хуруҷи теъдоде аз бозигарони байналмилалӣ аз бозори гардишгарист.
Комплекс Истиклол Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
Таътил дар Душанбе: рӯзҳои истироҳатии ноябриро русиягиҳо дар куҷо метавонанд гузаронанд
Дар назар аст, ки дар чорабинӣ роҳбарони ниҳодҳои дахлдори кишварҳои муштаракулманофеъ, намояндагони маъмурияти Санкт-Петербург ва кумитаи иҷроияи ИДМ, инчунин мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, кормандони меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоиву наклиётӣ ширкат кунанд.
Маълум шуд, ки аз авоили сол чанд нафар русиягӣ аз Тоҷикистон дидан кардааст
Маркази сайёҳии "Иттиҳод" як платформаест, ки соли 2019 барои муттаҳид сохтани тамоми иштирокчиёни соҳаи сайёҳии кишварҳои ИДМ таъсис дода шудааст.
Ҳадафи аслии вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳое, ки таҳти сарпарастии он баргузор мешаванд, рушди робитаҳои нав байни иштирокчиёни бозори сайёҳии кишварҳои иттиҳод дар заминаи баста шудани қисман сарҳадҳо ва хуруҷи як қатор бозигарони байналмилалӣ дар ИДМ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0