https://sputnik.tj/20221101/tatilot-dushanbe-rusho-istirohat-1052563232.html
Таътил дар Душанбе: рӯзҳои истироҳатии ноябриро русиягиҳо дар куҷо метавонанд гузаронанд
Таътил дар Душанбе: рӯзҳои истироҳатии ноябриро русиягиҳо дар куҷо метавонанд гузаронанд
Sputnik Тоҷикистон
Режими бидуни раводид ва парвозҳои мустақим Тоҷикистонро ба як макони машҳури сайёҳӣ дар замони таҳримҳо табдил медиҳанд
2022-11-01T16:00+0500
2022-11-01T16:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
истироҳат
сайёҳон
душанбе
искандаркӯл
панҷакент
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/09/1051281927_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_d23688ea3095df0a41ad222c0b37950d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Тирамоҳи имсол кишварҳои Осиёи Марказӣ рекорди ҳузури сайёҳони русиро шикастанд. Сокинони Федератсияи Русия ба таври оммавӣ неъматҳои низоми бидуни раводидро дарк мекунанд ва шояд танҳо Туркия ва кишварҳои Қафқоз аз рӯи маъруфият аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон пештар бошанд. Ҳавопаймоҳои мустақим аз фурудгоҳҳои Русия Душанберо барои онҳое, ки мехоҳанд дар рӯзҳои истироҳати тӯлонӣ аз 4 то 6 ноябр истироҳат кунанд, як макони қулай табдил медиҳад. Умеда Қурбонбекова, мудири ширкати "Ҷавоҳиртур" ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи чанд сафарҳои маъруф ба пойтахти Тоҷикистон изҳори назар кард. Душанбе - ПанҷакентИн баста сафари шаҳри Душанбе дидани қалъаи Ҳисор, ки дар наздикии шаҳр воқеъ аст, дар бар мегирад. Ҳамчунин боздид аз Панҷакент, ки аз ёдгориҳои меъморию таърихӣ бой аст, хӯроки нисфирузӣ дар чойхонаи миллӣ ва тамошои деҳаи Ворӯ, ки дар иҳотаи куҳҳои Фон аст, ба он шомил мебошадРӯзи сеюм меҳмононро ба Душанбе бармегардонанд. Ба бастаи сафар хӯрокхӯрӣ, нақлиёт ва хидматрасонии роҳбаладӣ дохил мешаванд. Барои як оила аз ду калонсолон ва як кӯдак, сафар 750 доллар, бидуни роҳбалад ва хӯрок 600 доллар арзиш дорад. Душанбе — ИскандаркӯлБа ин саёҳат сайру гашти роҳбаладӣ дар атрофи Душанбе ва қалъаи Ҳисор, инчунин боздид аз Искандаркул, яке аз зеботарин кӯлҳои куҳии Тоҷикистон дохил мешавад. Он дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, бо ранги фирузии обҳояш мафтункунанда аст. Нархи як бастаи сафари серӯза барои як оила дар ин масир 900 доллар хоҳад буд. Душанбе - ХуҷандХатсайри дигари сайёҳӣ ин аст, ки аз Душанбе меҳмононро ба Хуҷанд, дуюмин шаҳри калонтарини Тоҷикистон меоранд. Дар рафти сайругашт сайёҳон аз бозори маҳаллӣ дидан карда, таомҳои тоҷикиро мечашанд. Бо дарназардошти манзил, роҳбалад ва нақлиёт, сафар 970 доллар арзиш дорад. Қобили зикр аст, ки вуруд ба Тоҷикистон бо шаҳодатномаи эмкунӣ бар зидди Ковид ё натиҷаи ташхиси мусбати тест, ки на дертар аз 72 соат пеш гирифта шудааст, иҷозат дода мешавад.
https://sputnik.tj/20220929/idm-khatsayr-safar-sayohat-1051750719.html
душанбе
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/09/1051281927_637:0:3368:2048_1920x0_80_0_0_4f849e968bd1c675e05624886526bfd5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таътил русиягиҳо тоҷикистон истироҳат
таътил русиягиҳо тоҷикистон истироҳат
Таътил дар Душанбе: рӯзҳои истироҳатии ноябриро русиягиҳо дар куҷо метавонанд гузаронанд
16:00 01.11.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Эксклюзив
Режими бидуни раводид ва парвозҳои мустақим Тоҷикистонро ба як макони машҳури сайёҳӣ дар замони таҳримҳо табдил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Тирамоҳи имсол кишварҳои Осиёи Марказӣ рекорди ҳузури сайёҳони русиро шикастанд.
Сокинони Федератсияи Русия ба таври оммавӣ неъматҳои низоми бидуни раводидро дарк мекунанд ва шояд танҳо Туркия ва кишварҳои Қафқоз аз рӯи маъруфият аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон пештар бошанд.
Ҳавопаймоҳои мустақим аз фурудгоҳҳои Русия Душанберо барои онҳое, ки мехоҳанд дар рӯзҳои истироҳати тӯлонӣ аз 4 то 6 ноябр истироҳат кунанд, як макони қулай табдил медиҳад.
Умеда Қурбонбекова, мудири ширкати "Ҷавоҳиртур" ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи чанд сафарҳои маъруф ба пойтахти Тоҷикистон изҳори назар кард.
Ин баста сафари шаҳри Душанбе дидани қалъаи Ҳисор, ки дар наздикии шаҳр воқеъ аст, дар бар мегирад. Ҳамчунин боздид аз Панҷакент, ки аз ёдгориҳои меъморию таърихӣ бой аст, хӯроки нисфирузӣ дар чойхонаи миллӣ ва тамошои деҳаи Ворӯ, ки дар иҳотаи куҳҳои Фон аст, ба он шомил мебошад
Рӯзи сеюм меҳмононро ба Душанбе бармегардонанд. Ба бастаи сафар хӯрокхӯрӣ, нақлиёт ва хидматрасонии роҳбаладӣ дохил мешаванд.
Барои як оила аз ду калонсолон ва як кӯдак, сафар 750 доллар, бидуни роҳбалад ва хӯрок 600 доллар арзиш дорад.
Ба ин саёҳат сайру гашти роҳбаладӣ дар атрофи Душанбе ва қалъаи Ҳисор, инчунин боздид аз Искандаркул, яке аз зеботарин кӯлҳои куҳии Тоҷикистон дохил мешавад.
Он дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, бо ранги фирузии обҳояш мафтункунанда аст. Нархи як бастаи сафари серӯза барои як оила дар ин масир 900 доллар хоҳад буд.
Хатсайри дигари сайёҳӣ ин аст, ки аз Душанбе меҳмононро ба Хуҷанд, дуюмин шаҳри калонтарини Тоҷикистон меоранд. Дар рафти сайругашт сайёҳон аз бозори маҳаллӣ дидан карда, таомҳои тоҷикиро мечашанд.
Бо дарназардошти манзил, роҳбалад ва нақлиёт, сафар 970 доллар арзиш дорад.
Қобили зикр аст, ки вуруд ба Тоҷикистон бо шаҳодатномаи эмкунӣ бар зидди Ковид ё натиҷаи ташхиси мусбати тест, ки на дертар аз 72 соат пеш гирифта шудааст, иҷозат дода мешавад.