https://sputnik.tj/20220808/davlat-tranzit-strategiya-tojikiston-1050576492.html
"Давлати хуби транзитӣ” - стратегияи ҷадиди Тоҷикистон
"Давлати хуби транзитӣ” - стратегияи ҷадиди Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бо ба қудрат расидани толибон тарҳҳои сохтмони роҳҳои баёналмилалӣ аз ҷумла Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ва ҳамзамон ба самти Покистон ба таъхир афтод
2022-08-08T18:03+0500
2022-08-08T18:03+0500
2022-08-08T21:30+0500
дар тоҷикистон
роҳ
нақлиёт
транзит
иқтисод
вазорати нақлиёт
азим иброҳим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_652:523:2288:1443_1920x0_80_0_0_da68a4d1e156fb1890edf61e08590916.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ҳадафи стратегии ҷадиди кишвар барои табдил ёфтан ба як кишвари транзитӣ хабар дод.Ин ниҳод мегӯяд, Тоҷикистон ҳадафи аввали стратегӣ – бурунрафт аз бунбасти иртиботиро ба даст овардааст. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, пас аз дастёбӣ ба ҳадафи аввал кишвараш ба дунболи ҳадафи стратегии ҷадид - табдил ёфтан ба як давлати транзитӣ мебошад. “Мо супориш гирифтаем, ки тамоми талошҳои худро барои табдил додани Тоҷикистон ба як давлати хуби транзитӣ анҷом бидиҳем. Имкониятҳо ҳаст, лекин бояд кор кунем. Дар қиёс бо нимсолаи аввали соли гузашта имсол натиҷаҳои хубе ба даст омадааст. Дар ҳаҷми бор ҳарчанд ин қадар омори барҷаста надорем, аммо аз дарсаде, ки буду ҳоло ҳаст, натиҷаи хеле назаррас дида мешавад. Агар ҳамин тамоюл нигоҳ дошта шавад, мо ба ин ҳадаф ҳам мерасем”, - гуфт Азим Иброҳим. Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон аз роҳҳои Тоҷикистон 2,5 ҳазор тон мол тариқи транзит ба кишварҳои ҳамсоя интиқол ёфтааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ҳамагӣ 1415 тон будааст. Фарқияти оморӣ 76,5% - ро ташкил мекунад. Миёни кадом кишварҳо?Тоҷикистон аз лиҳози ҷуғрофӣ метавонад як кишвари транзитӣ миёни ҳамсояҳои ҷанубиву шимолӣ ва шарқиву ғарбиаш бошад. Амволе, ки тариқи ин кишвар интиқол ёфтаанд ва омораш дар боло оварда шуд, дар навбати аввал аз Чин ба Ӯзбекистону Туркманистон ва Афғонистон ва ё баръакс интиқол ёфтааст. Ҳамзамон интиқоли қисме аз амвол аз Туркманистону Ӯзбекистон ба далели амният ва мавҷудияти зерсохторҳо дар Тоҷикистон ба вилоятҳои Кундузу Тахор ва Бадахшони Афғонистон сурат гирифтааст. Дар дурнамо низ масири Тоҷикистон дар интиқоли амвол аз тамоми кишварҳои шимолӣ ва Чин ба ин қисмат аз қаламрави Афғонистон бебадил хоҳад монд. Дар замони ҷумҳурият дар Афғонистон амвол аз дигар вилоятҳои ин кишвар тариқи Тоҷикистон ба Бадахшони он интиқол меёфтанд. Бахусус дар фасли зимистон интиқоли молҳои транзитӣ тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён ба шаҳристонҳои Дарвозҳои вилояти Бадахшони Афғонистон сурат мегирифт. Мутахассисони вазорати нақлиёти Тоҷикистон бар инанд, ки Тоҷикистон тамоми масирҳои транзитиро аз шимол ба ҷануб ва аз шарқ ба ғарб ба меъёрҳои ҷаҳонӣ омода карда, ниёз ба эҷоди зерсохторҳои дигар дорад, ки ин ҳам то ҷое иҷро шудааст. Аз нигоҳи онҳо, Тоҷикистон метавонад як кишвари транзитӣ миёни Чин, Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Покистон, Эрон ва баръакс бошад. Тибқи иттилои расмӣ, аз Тоҷикистон 8 даҳлези байнулмилалӣ мегузарад, ки дар миёни онҳо масирҳои иртиботӣ бо Афғонистон бартарӣ доранд. Аз ин масирҳо Чину кишварҳои шимолӣ метавонад ба бандарҳои Покистону Эрон васл шаванд.Масири нобобВазорати нақлиёти Тоҷикистон соли 2014 як тарҳи сармоягузории даҳлезҳоеро, ки кишварро бо Покистону Эрон бипайвандад, пешниҳод карда буд. Бино ба ин тарҳ се роҳи иртибот бо Покистон тариқи Афғонистон пешбинӣ мешуд. Яке, Душанбе – Данғара – Кӯлоб – Қалаихумб – Хоруғ - Ишкошим (марзи Афғонистон) – ағбаи Дора (тариқи даҳлези Вахон ба марзи Афғонистону Покистон) – Читрол ва дар идома тариқи Пешовар ба Карочи бо тӯли 917 километр (Тоҷикистон – 717, Афғонистон – 118 ва Покистон - 82 км) аст. Дигарӣ, масири Душанбе - Лаби Ҷар – Тавилдара – Қалаихумб – Хоруғ – Ишкошим (марзи Афғонистон) – ағбаи Дора (тариқи даҳлези Вахон ба марзи Афғонистону Покистон) – Читрол ва дар идома тариқи Пешовар ба Карочи, ки 831 километр (қаламрави Тоҷикистон – 631, Афғонистон – 118, Покистон - 82 км) тӯл дорад. Сеюмӣ, масири Душанбе – Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ – Панҷи Поён (марзи Афғонистон) – Кундуз – Кобул – Ҷалолобод – марзи Покистон – Пешовар ва дар идома Карочи бо тӯли 797 (қаламрави Тоҷикистон – 185, Афғонистон – 557, Покистон - 55 км) аст, ки дар ҳоли ҳозир фаъол аст. Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, тайи ним соли гузашта 43% ё бештарин моли тиҷорӣ аз ин масири вориди Тоҷикистон шудааст. Тоҷикистон дар ин миён қисмати умдаи ин масирҳо дар қаламрави худро такмил кардааст. Афғонистон низ дар замони ҷумҳурият қисматҳои худро такмил намуд. Аммо бо омадани толибон ба қудрат дар Афғонистон бахусус ду тарҳи аввалӣ ба таъхир афтоданд. Зоҳиран ин ду масир аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам амниятӣ ҷаззобияти худро гум кардаанд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ду тарҳи аввал солҳо ба ин сӯ дар як марҳила матраҳ мешуданд ва дигарбора ба кунҷи фаромӯшӣ афканда мешуданд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон мустақим ба толибон дар Афғонистон ишора накард, аммо гуфт, як тарҳи дигар ҳам, ки роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон аст ва созишномааш ҳам соли 2013 аз сӯи раисҷумҳурони се кишвар ба имзо расидааст, низ ба далоили адами тарафи сеюм ба таъхир афтодааст. Ба ҳамин минвол, ба ин ки Тоҷикистон ба як давлати хуби транзитӣ табдил ёбад, ҳам заминаҳо ва ҳам заруратҳои минтақаӣ ҳамнавоӣ мекунанд, аммо ин ҳама вобаста аст ба ин ки вазъ дар Афғонистон ба кадом ҳолат хоҳад расид. Вагарна тавре омор нишон медиҳад, ҳатто ҳузури Толибон дар Афғонистон ва равобити ноҳамгуни онҳо бо Тоҷикистон натавонистааст саддти тиҷорати минтақаӣ шавад.
https://sputnik.tj/20220730/harakat-poezd-dushanbe-volgograd-1050370066.html
https://sputnik.tj/20220623/suporish-rahmon-vazir-naqliyot-vmkb-sokhtmon-roh-qalai-khumb-rushon-1049444489.html
https://sputnik.tj/20220805/vazorat-naqliyot-takhrib-rohho-tojikiston-1050516269.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_758:444:2245:1559_1920x0_80_0_0_d5b3bbca817b2917b8c030abf67d16fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
стратегия тоҷикистон транзит
стратегия тоҷикистон транзит
"Давлати хуби транзитӣ” - стратегияи ҷадиди Тоҷикистон
18:03 08.08.2022 (Навсозишуда: 21:30 08.08.2022) Бо ба қудрат омадани толибон сохтусози роҳи байналмилали Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ва ҳамзамон ба самти Покистон ба таъхир афтод
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ҳадафи стратегии ҷадиди кишвар барои табдил ёфтан ба як кишвари транзитӣ хабар дод.
Ин ниҳод мегӯяд, Тоҷикистон ҳадафи аввали стратегӣ – бурунрафт аз бунбасти иртиботиро ба даст овардааст.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, пас аз дастёбӣ ба ҳадафи аввал кишвараш ба дунболи ҳадафи стратегии ҷадид - табдил ёфтан ба як давлати транзитӣ мебошад.
“Мо супориш гирифтаем, ки тамоми талошҳои худро барои табдил додани Тоҷикистон ба як давлати хуби транзитӣ анҷом бидиҳем. Имкониятҳо ҳаст, лекин бояд кор кунем. Дар қиёс бо нимсолаи аввали соли гузашта имсол натиҷаҳои хубе ба даст омадааст. Дар ҳаҷми бор ҳарчанд ин қадар омори барҷаста надорем, аммо аз дарсаде, ки буду ҳоло ҳаст, натиҷаи хеле назаррас дида мешавад. Агар ҳамин тамоюл нигоҳ дошта шавад, мо ба ин ҳадаф ҳам мерасем”, - гуфт Азим Иброҳим.
Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон аз роҳҳои Тоҷикистон 2,5 ҳазор тон мол тариқи транзит ба кишварҳои ҳамсоя интиқол ёфтааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ҳамагӣ 1415 тон будааст. Фарқияти оморӣ 76,5% - ро ташкил мекунад.
Тоҷикистон аз лиҳози ҷуғрофӣ метавонад як кишвари транзитӣ миёни ҳамсояҳои ҷанубиву шимолӣ ва шарқиву ғарбиаш бошад. Амволе, ки тариқи ин кишвар интиқол ёфтаанд ва омораш дар боло оварда шуд, дар навбати аввал аз Чин ба Ӯзбекистону Туркманистон ва Афғонистон ва ё баръакс интиқол ёфтааст.
Ҳамзамон интиқоли қисме аз амвол аз Туркманистону Ӯзбекистон ба далели амният ва мавҷудияти зерсохторҳо дар Тоҷикистон ба вилоятҳои Кундузу Тахор ва Бадахшони Афғонистон сурат гирифтааст. Дар дурнамо низ масири Тоҷикистон дар интиқоли амвол аз тамоми кишварҳои шимолӣ ва Чин ба ин қисмат аз қаламрави Афғонистон бебадил хоҳад монд. Дар замони ҷумҳурият дар Афғонистон амвол аз дигар вилоятҳои ин кишвар тариқи Тоҷикистон ба Бадахшони он интиқол меёфтанд.
Бахусус дар фасли зимистон интиқоли молҳои транзитӣ тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён ба шаҳристонҳои Дарвозҳои вилояти Бадахшони Афғонистон сурат мегирифт.
Мутахассисони вазорати нақлиёти Тоҷикистон бар инанд, ки Тоҷикистон тамоми масирҳои транзитиро аз шимол ба ҷануб ва аз шарқ ба ғарб ба меъёрҳои ҷаҳонӣ омода карда, ниёз ба эҷоди зерсохторҳои дигар дорад, ки ин ҳам то ҷое иҷро шудааст.
Аз нигоҳи онҳо, Тоҷикистон метавонад як кишвари транзитӣ миёни Чин, Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Покистон, Эрон ва баръакс бошад.
Тибқи иттилои расмӣ, аз Тоҷикистон 8 даҳлези байнулмилалӣ мегузарад, ки дар миёни онҳо масирҳои иртиботӣ бо Афғонистон бартарӣ доранд. Аз ин масирҳо Чину кишварҳои шимолӣ метавонад ба бандарҳои Покистону Эрон васл шаванд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон соли 2014 як тарҳи сармоягузории даҳлезҳоеро, ки кишварро бо Покистону Эрон бипайвандад, пешниҳод карда буд.
Бино ба ин тарҳ се роҳи иртибот бо Покистон тариқи Афғонистон пешбинӣ мешуд. Яке, Душанбе – Данғара – Кӯлоб – Қалаихумб – Хоруғ - Ишкошим (марзи Афғонистон) – ағбаи Дора (тариқи даҳлези Вахон ба марзи Афғонистону Покистон) – Читрол ва дар идома тариқи Пешовар ба Карочи бо тӯли 917 километр (Тоҷикистон – 717, Афғонистон – 118 ва Покистон - 82 км) аст.
Дигарӣ, масири Душанбе - Лаби Ҷар – Тавилдара – Қалаихумб – Хоруғ – Ишкошим (марзи Афғонистон) – ағбаи Дора (тариқи даҳлези Вахон ба марзи Афғонистону Покистон) – Читрол ва дар идома тариқи Пешовар ба Карочи, ки 831 километр (қаламрави Тоҷикистон – 631, Афғонистон – 118, Покистон - 82 км) тӯл дорад.
Сеюмӣ, масири Душанбе – Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ – Панҷи Поён (марзи Афғонистон) – Кундуз – Кобул – Ҷалолобод – марзи Покистон – Пешовар ва дар идома Карочи бо тӯли 797 (қаламрави Тоҷикистон – 185, Афғонистон – 557, Покистон - 55 км) аст, ки дар ҳоли ҳозир фаъол аст.
Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, тайи ним соли гузашта 43% ё бештарин моли тиҷорӣ аз ин масири вориди Тоҷикистон шудааст.
Тоҷикистон дар ин миён қисмати умдаи ин масирҳо дар қаламрави худро такмил кардааст. Афғонистон низ дар замони ҷумҳурият қисматҳои худро такмил намуд. Аммо бо омадани толибон ба қудрат дар Афғонистон бахусус ду тарҳи аввалӣ ба таъхир афтоданд.
Зоҳиран ин ду масир аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам амниятӣ ҷаззобияти худро гум кардаанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ду тарҳи аввал солҳо ба ин сӯ дар як марҳила матраҳ мешуданд ва дигарбора ба кунҷи фаромӯшӣ афканда мешуданд.
“Ҳар як роҳе ки сохта мешавад, бояд аз лиҳози иқтисодӣ асоснок бошад. Ин идея ҳам вуҷуд дорад, ки дар сохтмони ин роҳҳо дар қисмати водии Вахон ҳатто нақбҳо эҷод шаванд. Тарҳ ҳам миёни се кишвар иҷро мешавад, ки як тараф ҳоло нест. Аммо дар вазорат алъон ин мавзуъ матраҳ нест”, - гуфт Азим Иброҳим.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон мустақим ба толибон дар Афғонистон ишора накард, аммо гуфт, як тарҳи дигар ҳам, ки роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон аст ва созишномааш ҳам соли 2013 аз сӯи раисҷумҳурони се кишвар ба имзо расидааст, низ ба далоили адами тарафи сеюм ба таъхир афтодааст.
Ба ҳамин минвол, ба ин ки Тоҷикистон ба як давлати хуби транзитӣ табдил ёбад, ҳам заминаҳо ва ҳам заруратҳои минтақаӣ ҳамнавоӣ мекунанд, аммо ин ҳама вобаста аст ба ин ки вазъ дар Афғонистон ба кадом ҳолат хоҳад расид.
Вагарна тавре омор нишон медиҳад, ҳатто ҳузури Толибон дар Афғонистон ва равобити ноҳамгуни онҳо бо Тоҷикистон натавонистааст саддти тиҷорати минтақаӣ шавад.