https://sputnik.tj/20221102/darguzasht-rabejonov-jarroh-sardor-tandurusti-sughd-1052591038.html
Даргузашти Рабеҷонов, ҷарроҳи варзида ва собиқ сардори Раёсати тандурустии Суғд
Даргузашти Рабеҷонов, ҷарроҳи варзида ва собиқ сардори Раёсати тандурустии Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Мавсуф аз зумраи афроде буд, ки бештари фаъолияташро сарфи муолиҷа ва тадриси мутахассисони ҳирфаӣ кардааст. Сабаби маргаш дақиқ нест
2022-11-02T18:49+0500
2022-11-02T18:49+0500
2022-11-02T19:09+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
табиб
даргузашт
ҷаноза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Табиби саршинос ва собиқ сардори Идораи тандурустии вилояти Суғд зуҳри имрӯз дар сини 72 солагӣ аз олам даргузаштХабари даргузашти Маҳмудҷон Рабеҷоновро ҳамкоронаш дар Хуҷанд таъйид намуданд. Фирӯз Комилов, сартабиби Беморхонаи клиникавии №1 шаҳри Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳамин чанд лаҳза пеш ин хабари ғайриинтизорро ба онҳо расонидаанд. Қарор аст, фардо соати 11 ҷанозаи Маҳмудҷон Рабеҷонов дар Хуҷанд ба хок супурда шавад.Рабеҷонов Маҳмудҷон Рабеҷонович 9 сентябри соли 1951 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Мавсуф соли 1973 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм карда, як муддат дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд (собиқ Ленинобод) ба номи академик Павлов ба сифати муаллим ба донишҷӯён сабақ омӯзонидааст. Соли 1976 ба шуъбаи ҷарроҳии калонсолони БК№ 1 Хуҷанд ба таври гузариш се сол фаъолият карда, пас аз се соли кор ба шаҳри Маскав рафта дар заминаи кафедраи ҷарроҳии калонсолони Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Пирогов курси чаҳорсолаи ординатураро гузаштааст. Пас аз бозгашт то соли 1993 минҳайси ҷарроҳ ва сарҷарроҳ фаъолият намудааст. Солҳои 1996 - 2008 дар вазифаи сардори Раёсати тандурусти ҳукумати вилояти Суғд кор кардааст. Аз соли 2009 то охири умраш ҳамчун табиби ҷарроҳ ва муовини сарвари Маркази давлатии воҳидии ташхис ва муолиҷавии назди БК № 1 шаҳри Хуҷанд фаъолият мебурд ва аз зумраи ҷарроҳони варзидаи суғдӣ маҳсуб меёфт.
https://sputnik.tj/20221022/darguzasht-zuvaydzoda-rais-kumita-memor-tojikiston-1052358606.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт рабеҷонов ҷарроҳ суғд
даргузашт рабеҷонов ҷарроҳ суғд
Даргузашти Рабеҷонов, ҷарроҳи варзида ва собиқ сардори Раёсати тандурустии Суғд
18:49 02.11.2022 (Навсозишуда: 19:09 02.11.2022) Мавсуф аз зумраи афроде буд, ки бештари фаъолияташро сарфи муолиҷа ва тадриси мутахассисони ҳирфаӣ кардааст. Сабаби маргаш дақиқ нест
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Табиби саршинос ва собиқ сардори Идораи тандурустии вилояти Суғд зуҳри имрӯз дар сини 72 солагӣ аз олам даргузашт
Хабари даргузашти Маҳмудҷон Рабеҷоновро ҳамкоронаш дар Хуҷанд таъйид намуданд.
Фирӯз Комилов, сартабиби Беморхонаи клиникавии №1 шаҳри Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳамин чанд лаҳза пеш ин хабари ғайриинтизорро ба онҳо расонидаанд.
“Хабар доданд, ки устод Рабеҷонов бандагӣ кардаанд. Шунидани ин хабари шум ҳайати ҳамкоронро сахт андуҳгин кард” – зикр намуд, Комилов
Қарор аст, фардо соати 11 ҷанозаи Маҳмудҷон Рабеҷонов дар Хуҷанд ба хок супурда шавад.
Рабеҷонов Маҳмудҷон Рабеҷонович 9 сентябри соли 1951 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Мавсуф соли 1973 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм карда, як муддат дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд (собиқ Ленинобод) ба номи академик Павлов ба сифати муаллим ба донишҷӯён сабақ омӯзонидааст.
Соли 1976 ба шуъбаи ҷарроҳии калонсолони БК№ 1 Хуҷанд ба таври гузариш се сол фаъолият карда, пас аз се соли кор ба шаҳри Маскав рафта дар заминаи кафедраи ҷарроҳии калонсолони Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Пирогов курси чаҳорсолаи ординатураро гузаштааст. Пас аз бозгашт то соли 1993 минҳайси ҷарроҳ ва сарҷарроҳ фаъолият намудааст.
Солҳои 1996 - 2008 дар вазифаи сардори Раёсати тандурусти ҳукумати вилояти Суғд кор кардааст.
Аз соли 2009 то охири умраш ҳамчун табиби ҷарроҳ ва муовини сарвари Маркази давлатии воҳидии ташхис ва муолиҷавии назди БК № 1 шаҳри Хуҷанд фаъолият мебурд ва аз зумраи ҷарроҳони варзидаи суғдӣ маҳсуб меёфт.