https://sputnik.tj/20221022/darguzasht-zuvaydzoda-rais-kumita-memor-tojikiston-1052358606.html
Даргузашти Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон
Даргузашти Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Марҳум чанд рӯзи ахир бар асари бемории сангине дар бемористон табобат мегирифт ва дар синни 54– солагӣ аз олами фонӣ ба дунёи боқӣ реҳлат кард
2022-10-22T12:50+0500
2022-10-22T12:50+0500
2022-10-24T17:33+0500
дар тоҷикистон
маҳмадсаид зувайдзода
даргузашт
кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102630/46/1026304656_0:21:1959:1123_1920x0_80_0_0_2433380d85679791b53f3ef56f86d0ef.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд даргузашт.Вай яке аз кадрҳои муҳими соҳаи худ ба ҳисоб мерафт. Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки мавсуф чанд рӯзи ахир дар пайи як беморӣ бистарӣ шуда буд ва субҳи имрӯз, 22 октябр, бо олами фонӣ падруд гуфт. Маҳмадсаид Зувайдзода 2 марти соли 1969 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон таваллуд шуда, техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе дар соли 1991 бо ихтисоси техники бинокор, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ дар соли 2009 ва соли 2011 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст. Дар соҳаи сохтмон аз соли 1991 дар Раёсати сохтмонии “Монолит-2”-и “Монолитстрой” дар вазифаҳои усто, муҳандис оид ба таъминот, саркор, сармуҳандис ва сардори ҳамин корхона оғоз намуда, аз соли 2006 директори ширкати "Монолитстрой", ки баъдтар ба "Сомон-Тоҷиксохтмон" табдили ном кард, таъин шуд. Аз соли 2009 директори генералии ширкати “Тоҷиксемент” низ буд. Соли 2013 бо амри Президенти Тоҷикистон директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва аз соли 2017 бо фармони Президенти Тоҷикистон муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе таъин шуд. Дар вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2020 кор мекард.
https://sputnik.tj/20220826/masud-sobirov-darguzasht-1050973649.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102630/46/1026304656_113:0:1853:1305_1920x0_80_0_0_aebcc09693369a98a1687597f7cbc012.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт зувайдзода кумитаи меъморӣ сохтмон тоҷикистон
даргузашт зувайдзода кумитаи меъморӣ сохтмон тоҷикистон
Даргузашти Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон
12:50 22.10.2022 (Навсозишуда: 17:33 24.10.2022) Марҳум чанд рӯзи ахир бар асари бемории сангине дар бемористон табобат мегирифт ва дар синни 54– солагӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд даргузашт.
Вай яке аз кадрҳои муҳими соҳаи худ ба ҳисоб мерафт.
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки мавсуф чанд рӯзи ахир дар пайи як беморӣ бистарӣ шуда буд ва субҳи имрӯз, 22 октябр, бо олами фонӣ падруд гуфт.
“Аҳли кормандони Кумита ба наздикон ва пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуда, аз Худованди муттаол сабри ҷамил хоҳонанд”, - гуфт манбаъ.
Маҳмадсаид Зувайдзода 2 марти соли 1969 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон таваллуд шуда, техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе дар соли 1991 бо ихтисоси техники бинокор, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ дар соли 2009 ва соли 2011 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст.
Дар соҳаи сохтмон аз соли 1991 дар Раёсати сохтмонии “Монолит-2”-и “Монолитстрой” дар вазифаҳои усто, муҳандис оид ба таъминот, саркор, сармуҳандис ва сардори ҳамин корхона оғоз намуда, аз соли 2006 директори ширкати "Монолитстрой", ки баъдтар ба "Сомон-Тоҷиксохтмон" табдили ном кард, таъин шуд.
Аз соли 2009 директори генералии ширкати “Тоҷиксемент” низ буд. Соли 2013 бо амри Президенти Тоҷикистон директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва аз соли 2017 бо фармони Президенти Тоҷикистон муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе таъин шуд.
Дар вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2020 кор мекард.