https://sputnik.tj/20221102/chempionat-tojikiston-burd-bokht-1052580103.html
Ҷамъбасти даври навбатии чемпионати Тоҷикистон: Кӣ бурду кӣ бохт?
Ҷамъбасти даври навбатии чемпионати Тоҷикистон: Кӣ бурду кӣ бохт?
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷамъбасти даври 19-уми чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол тимҳои "Истиқлол", "Хатлон" ва "Равшан"-и Кӯлоб ба сегонаи пешсаф дохил мебошанд
2022-11-02T15:00+0500
2022-11-02T15:00+0500
2022-11-20T17:14+0500
дар тоҷикистон
футбол
ҷавонон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043092995_0:163:1200:838_1920x0_80_0_0_75dcfd38c59fb81f4bb8af9c0fcf3bea.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон натиҷаи бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олиро ироа намуд. Манбаъ зикр намуд, ки дар марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон соли равон дар формати нав баргузор мешавад. Зикр шуд, ки дар даври 19-ум дар гурӯҳи “А” ду бозӣ баргузор шуда, “Хатлон” бар тими КМВА бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард."Голҳои тими Бохтарро Тоҳирҷон Тағойзода (2 гол), Нуриддин Ҳамроқулов, Рустамҷон Кучкаров, голҳои тими артишро Хуршед-Тимур Ҷураев, Аласса Монгбет ва Комрон Иброҳимов заданд", - омадааст дар иттилоия. Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб - “Хуҷанд” мусовӣ бо ҳисоби 3:3 анҷом ёфт, афзуд манбаъ. Ҷаҳонгир Эргашев аз дастаи “Хуҷанд" ва Абдухалил Боронов аз тими “Равшан”-и Кӯлоб дуголӣ заданд. Якголии дигарро дар ҳайати тими Хуҷанд Хушнудбек Бозоров ва дар ҳайати тими Кӯлоб Шодиҷон Муродов ба самар расонданд, тавзеҳ дод Кумита. Дар мавриди зӯрозмоӣ дар гурӯҳи “В” зикр шуд, ки “Эсхата” бо “Равшан”-и Зафаробод мусовӣ бо ҳисоби 1:1 бозӣ карда, “Регар-ТадАЗ” бар тими “Файзканд” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Маврид ба зикр аст, ки дар ҷадвали феълӣ "Истиқлол", "Хатлон", "Равшан"-и Кӯлоб, "Хуҷанд" ва "КМВ Артиш" ба панҷгонаи аввал дохил буда, дар панҷгонаи дуюм "Истаравшан", "Файзканд", "Эсхата", "Равшан"-и Зафаробод ва "Регар-ТадАЗ" ҷой гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20221101/arak-merezand-korshinos-gholib-bozi-tojikiston-rusiya-1052559251.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043092995_0:50:1200:950_1920x0_80_0_0_44673a17fe2045de80d7af524d70910b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, натиҷа, давр, чемпионат, тоҷикистон
эълон, натиҷа, давр, чемпионат, тоҷикистон
Ҷамъбасти даври навбатии чемпионати Тоҷикистон: Кӣ бурду кӣ бохт?
15:00 02.11.2022 (Навсозишуда: 17:14 20.11.2022) Дар ҷамъбасти даври 19-уми чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол тимҳои "Истиқлол", "Хатлон" ва "Равшан"-и Кӯлоб ба сегонаи пешсаф дохил мебошанд
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон натиҷаи бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олиро ироа намуд.
Манбаъ зикр намуд, ки дар марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон соли равон дар формати нав баргузор мешавад.
"Дастаҳое, ки дар қисми аввал ҷойҳои 1-5-умро гирифтанд, дар гурӯҳи “А” барои ҷоизаҳо ва дастаҳое, ки ҷойҳои 6-10-умро касб карданд, дар гурӯҳи “В” барои нигоҳ доштани мавқеашон дар лигаи олӣ талош мекунанд", - тавзеҳ дод кумита.
Зикр шуд, ки дар даври 19-ум дар гурӯҳи “А” ду бозӣ баргузор шуда, “Хатлон” бар тими КМВА бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард.
"Голҳои тими Бохтарро Тоҳирҷон Тағойзода (2 гол), Нуриддин Ҳамроқулов, Рустамҷон Кучкаров, голҳои тими артишро Хуршед-Тимур Ҷураев, Аласса Монгбет ва Комрон Иброҳимов заданд", - омадааст дар иттилоия.
Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб - “Хуҷанд” мусовӣ бо ҳисоби 3:3 анҷом ёфт, афзуд манбаъ.
Ҷаҳонгир Эргашев аз дастаи “Хуҷанд" ва Абдухалил Боронов аз тими “Равшан”-и Кӯлоб дуголӣ заданд. Якголии дигарро дар ҳайати тими Хуҷанд Хушнудбек Бозоров ва дар ҳайати тими Кӯлоб Шодиҷон Муродов ба самар расонданд, тавзеҳ дод Кумита.
Дар мавриди зӯрозмоӣ дар гурӯҳи “В” зикр шуд, ки “Эсхата” бо “Равшан”-и Зафаробод мусовӣ бо ҳисоби 1:1 бозӣ карда, “Регар-ТадАЗ” бар тими “Файзканд” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷадвали феълӣ "Истиқлол", "Хатлон", "Равшан"-и Кӯлоб, "Хуҷанд" ва "КМВ Артиш" ба панҷгонаи аввал дохил буда, дар панҷгонаи дуюм "Истаравшан", "Файзканд", "Эсхата", "Равшан"-и Зафаробод ва "Регар-ТадАЗ" ҷой гирифтаанд.