"Осон нахоҳад буд": коршинос ғолиби бозии Тоҷикистон ва Русияро гуфт

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкФутбол. ЧЕ-2020. Матч Бельгия - Россия
Футбол. ЧЕ-2020. Матч Бельгия - Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
Обуна шудан
Моҳи ноябр ду тими миллии Русия - як тими футзал ва як тими бузурги футбол ба Тоҷикистон меоянд. Коршинос гуфт, ки онҳоро дар Душанбе чӣ интизор аст
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Аввалин шуда футзалбозони Русия барои бозии дӯстона бо тими Тоҷикистон ба Душанбе меоянд. Онҳо ду бозӣ — 7 ва 8 ноябр мегузаронанд.
Баъд аз он 17 ноябр дар футболи калон вохурии рафиқона барпо мегардад.
Оё ин вохӯриҳо ҷолиб хоҳанд буд? Коршиноси Sputnik Тоҷикистон, мураббии маъруфи футзал, собиқ мураббии тими миллии Тоҷикистон Дамир Камолитдинов андешаи худро баён дошт.
"Бозиҳо на танҳо барои ман, балки барои мухлисони зиёд ҷолиб хоҳанд буд. Вохӯриҳо бояд хуб ва тамошобоб баргузор шаванд. Мо интизори вохӯриҳои олӣ дар футзал ва футболи калон ҳастем”,- мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, агар Русия дастаи асосиро дар футзал биёрад, дар он ҷо вохӯриҳои хуб ва тамошобоб баргузор мешаванд ва барои мунтахаби Тоҷикистон бо онҳо рақобат кардан барои душвор хоҳад буд. Дар футболи калон бошад, бозӣ барои русҳо осон нахоҳад буд
Камолитдинов бар ин бовар аст, ки сармураббии тими миллии футболи Русия Валерий Карпин метавонад дар бозии дӯстона навкоронро ба ҳайати мунтахаби кишвараш ҷалб кунад, ки сатҳи бозии онҳо аз бачаҳои тоҷик чандон боло нест.
Футболисты перед матчем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2022
Бозии Русия - Тоҷикистон: хабарҳои охирин
ФФР бозии миёни Русия ва Тоҷикистонро бонг барои футболи ҷаҳон номид
"Ба фикрам, дастпарварони Питер Сегрт дастаи Русияро маҷбур ба резонидани арақи ҷабин мекунанд. Фикр мекунам, ки варзишгоҳ пур мешавад ва ин ҳам тоҷиконро ба таври мусбат ҳавасманд мекунад. Дар футзал бартарии Русия хеле баланд аст ва ин ду бозӣ ба мо аз русҳо дида фоиданоктар аст", — гуфт мавсуф.
Бозингарони тоҷик барои натиҷаи хуб мубориза мебаранд, ҳадди аққал кӯшиш мекунанд, ки ин корро кунанд.
"Шояд Русия ҳайати пурқувватро наоварад, аксари онҳо дар Португалия бозӣ мекунанд. Иван Чишкало дар маҷмӯъ беҳтарин нишонзани чемпионати ин кишвар аст. Фикр мекунам, дар ҳайат чунин легионерҳо нахоҳад буд", - гуфт Камолитдинов.
Илова менамоем, ки Дамир Камолитдинов ҳоло дар мактаби футболи бачагонаи "Ведом" кор мекунад. Илова бар ин, ӯ ду дастаи футзалро, ки дар чемпионати Қазон бозӣ мекунанд, тамрин медиҳад. Яке аз ҷавонон ва дигаре ҳайати собиқадорон аст.
Лентаи хабарҳо
0