Воҳидов ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои рақобат бо Русияро эълон кард

© Федерация футбола ТаджикистанаТаджикские футзалисты
Таджикские футзалисты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
Обуна шудан
Яккачини футзали Тоҷикистон барои рақобати дӯстона бо ҳамтоёни русиягияшон омодагиҳоро аз ҳоло шуруъ кардаа 16 бозигарро даъват кардааст
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ҳайаташро дар бозии дустони зидди яккачини Русия эълон кард.
Бино ба гузориши ФФТ, сармураббӣ мунтахаби футзали кишвар Пайрав Воҳидов омодагиҳоро ба бозиҳои дӯстона оғоз кард кардааст.
Ӯ барои бозӣ дар ин рақобати вазнин пешгӯишаванда 16 бозигар – 2 дарвозабон ва 14 бозигарро даъват кардааст.
Ҳамин тариқ ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тими Русия аз ин қабил аст:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов (“Истиқлол”), Муродулло Алиқулов (“Амонатбонк”);
Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Дилшод Саломов, Муҳаммадҷон Шарифов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Насим Шарифов (ҳама аз “Соро компания”), Рустам Ҳамидов, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов (ҳама аз “Истиқлол”), Шавкат Ҳалимов, Умед Кузиев, Иқбол Воситзода (ҳама аз “Сипар”), Баҳодур Хоҷаев (“Истаравшан”).
Футбол. ЧЕ-2020. Матч Бельгия - Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
"Осон нахоҳад буд": коршинос ғолиби бозии Тоҷикистон ва Русияро гуфт
Маврид ба зикр аст, ки ин рақобат рӯзҳои 7 ва 8 ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии Душанбе доир мегардад, ки он соати 20:00 оғоз мешаванд.
ФФТ таъкид намудаст, ки ба мухлисон, ки нияти ҳузур дар ин зӯрозмоиро доранд, билетҳо бо нархҳои мухталиф пешниҳод мегарданд. Арзиши чиптаи одӣ 30 сомонӣ ва чиптаи ба истилоҳ "VIP" 100 сомониро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар радабандии нави ҷаҳонии футзал бо 978 хол дар ҷои 53-юм қарор гирифт.
Аммо ҳарифи он дар бозии дӯстона, мунтахаби миллии Русия дар риштаи футзал аз пешсафҳо дар қитъаи Аврупо ба шумор меравад.
Лентаи хабарҳо
0