https://sputnik.tj/20221101/marz-uzbekiston-otryadhoi-nizomi-paydo-1052551610.html
Дар марзҳои Ӯзбекистон гуруҳҳои нави низомӣ пайдо шуданд: чӣ боис шуд?
Дар марзҳои Ӯзбекистон гуруҳҳои нави низомӣ пайдо шуданд: чӣ боис шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукуматдорони ҷумҳурӣ барои муҳофизати марз гуруҳҳои нави хизматчиёни ҳарбӣ ташкил карданд. Дар ин ҷо тадбирҳои фаврию амалӣ низ андешида шуданд
2022-11-01T09:03+0500
2022-11-01T09:03+0500
2022-11-01T09:03+0500
ӯзбекистон
марз
осиёи марказӣ
афғонистон
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044730967_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_9938cb3f90dabbd3109417c6bb320c72.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар Ӯзбекистон барои ҳифзи манотиқи марзӣ 120 гурӯҳи вижаи мобилӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ин кишвар иттилоъ додааст. Ба ҳайати нав кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мудофиа, Хадамоти амнияти давлатӣ ва Гвардияи миллӣ шомиланд. Вазифаи асосии онҳо таъмини суботи вазъи оперативӣ-криминогенӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад. Дар бораи таъсиси гуруҳҳои нав зимни як мизи гирд хабар дода шуд, ки иштирокчиёни он самтҳои асосии ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар ҳифзи сарҳадро баррасӣ карданд. Ҳамчунин маълум шуд, ки дар моҳҳои март ва августи соли 2022 дар манотиқи марзии Ӯзбекистон, ки дар он 1 миллиону 600 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, тадбирҳои оперативӣ ва профилактикӣ анҷом дода шуданд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ якҷоя бо чӯпонон, шикорчиён ва кормандони хоҷагии ҷангал беш аз 2,1 ҳазор амалиёти иктишофию ҷустуҷӯӣ анҷом доданд. Ёдовар мешавем, ки бо ба сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон ҳодисаҳои норавшан дар марзи ҷумҳурӣ ва Ӯзбекистон зуд-зуд ба қайд гирифта мешуданд. Дар ин ҷо чанд тирпарронӣ низ сурат гирифтааст. Ҳамин тариқ, дар авохири моҳи август беш аз 20 шаҳрванди Афғонистон бо мақсади ба фурӯш баровардани решаи ширинбия ба ҷазираи Арал-Пайғамбари вилояти Сурхондарё ғайриқонунӣ ворид шуданд. Марзбонони ӯзбек бо задухӯрд 24 нафарро, ки муқовимат нишон доданд, боздошт карданд. Дар натиҷа ду нафар кушта ва шаш тани дигар захмӣ шуданд.
https://sputnik.tj/20221006/didori-masuloni-tolibon-bo-hayati-nizomii-uzbekiston-1051953733.html
ӯзбекистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044730967_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_ea66de320a0005f263e14c5b2bc6df11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марзҳо ӯзбекистон отряд низомӣ пайдо
марзҳо ӯзбекистон отряд низомӣ пайдо
Дар марзҳои Ӯзбекистон гуруҳҳои нави низомӣ пайдо шуданд: чӣ боис шуд?
Ҳукуматдорони ҷумҳурӣ барои муҳофизати марз гуруҳҳои нави хизматчиёни ҳарбӣ ташкил карданд. Дар ин ҷо тадбирҳои фаврию амалӣ низ андешида шуданд
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар Ӯзбекистон барои ҳифзи манотиқи марзӣ 120 гурӯҳи вижаи мобилӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ин кишвар иттилоъ додааст.
Ба ҳайати нав кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мудофиа, Хадамоти амнияти давлатӣ ва Гвардияи миллӣ шомиланд.
Вазифаи асосии онҳо таъмини суботи вазъи оперативӣ-криминогенӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.
Дар бораи таъсиси гуруҳҳои нав зимни як мизи гирд хабар дода шуд, ки иштирокчиёни он самтҳои асосии ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар ҳифзи сарҳадро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин маълум шуд, ки дар моҳҳои март ва августи соли 2022 дар манотиқи марзии Ӯзбекистон, ки дар он 1 миллиону 600 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, тадбирҳои оперативӣ ва профилактикӣ анҷом дода шуданд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ якҷоя бо чӯпонон, шикорчиён ва кормандони хоҷагии ҷангал беш аз 2,1 ҳазор амалиёти иктишофию ҷустуҷӯӣ анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ба сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон ҳодисаҳои норавшан дар марзи ҷумҳурӣ ва Ӯзбекистон зуд-зуд ба қайд гирифта мешуданд. Дар ин ҷо чанд тирпарронӣ низ сурат гирифтааст.
Ҳамин тариқ, дар авохири моҳи август беш аз 20 шаҳрванди Афғонистон бо мақсади ба фурӯш баровардани решаи ширинбия ба ҷазираи Арал-Пайғамбари вилояти Сурхондарё ғайриқонунӣ ворид шуданд.
Марзбонони ӯзбек бо задухӯрд 24 нафарро, ки муқовимат нишон доданд, боздошт карданд. Дар натиҷа ду нафар кушта ва шаш тани дигар захмӣ шуданд.