https://sputnik.tj/20221006/didori-masuloni-tolibon-bo-hayati-nizomii-uzbekiston-1051953733.html
Дидори масъулони сарҳадии Зуни шимоли толибон бо ҳайати низомии кишвари Ӯзбекистон
Дидори масъулони сарҳадии Зуни шимоли толибон бо ҳайати низомии кишвари Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Ду тараф тавофуқ намуданд то мушкилоташонро аз роҳи гуфтугӯ анҷом дода ва аз эҳтимоли ҳаргуна тахлифоти марзӣ дар оянда ҷилавгирӣ намоянд
2022-10-06T21:25+0500
2022-10-06T21:25+0500
2022-10-06T21:25+0500
афғонистон
узбекистон
ӯзбекистон
толибон
марз
музокирот
мушкилот
низомиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/06/1051952800_90:0:910:461_1920x0_80_0_0_2718efd40f76b99eaf5025300a519d9a.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ҳайати муташаккил аз қумондонони сарҳадии Зуни шимоли кишвар бо ҳайати Низомии кишвари Узбекистони дар як мулоқот аз қабл таъйиншуда рӯзи гузшта дар бандари Ҳайратони вилояти Балх рӯй масоили амниятӣ ва марзӣ бо ҳам гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Дар ин дидор ду тараф рӯйи чигунагӣ таъмини амнияти беҳтари сарҳаддоти ду кишвар, ҳалли чолишҳо, ҳамоҳангии лозим ва таъмини иртибототи байни неруҳои сарҳадӣ ва соири мавзуъотро баҳс намуданд.Ду тараф тавофуқ намуданд то мушкилоташанро аз роҳи гуфтугӯ анҷом дода ва аз эҳтимоли ҳаргуна тахаллуфоти марзӣ дар оянда ҷилавгирӣ намоянд.Ёдовар мешавем, чи чанде пеш дар марзи Афғонистону Ӯзбекистон даргирие сурат гирифт.Мақомоти марзбонии Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия гуфта буд, ки дар ҳудуди ҷазираи Арал Пайғамбари вилояти Сурхондарё як гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, бо заврақҳояшон ба ҷазираи мазкур омадаанд.Таъкид шудааст, ба гуруҳи марзбонон, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, марзшиканон муқовимат нишон доданд."Дар натиҷаи гузарондани амалиёт 24 нафар барои марзшиканӣ боздошт гардида, шахсияташон муайян карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.Тавзеҳ дода шудааст, ки ҳадафи ин гуруҳи марзшиканон ҷамъоварии решаи гиёҳи ширинбия будааст, ки дар ин минтақа ба миқдори зиёд мерӯяд.Маврид ба зикр аст, ки ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли гузашта толибҳо ғасб карда, таъкид намуданд, ки аз қаламрави ин кишвар барои ҳамсояҳо ҳеч таҳдиде ҷой надорад.
https://sputnik.tj/20221006/hushdori-smm-furuposhii-iqtisodi-afghoniston-1051942787.html
афғонистон
узбекистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/06/1051952800_193:0:808:461_1920x0_80_0_0_9060abe2e18575b1332877669b45f824.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, низомиён, толибон, ӯзбекистон, марз, дидор, ҷилавгирӣ, тахлифоти марзӣ, мушкилот
афғонистон, низомиён, толибон, ӯзбекистон, марз, дидор, ҷилавгирӣ, тахлифоти марзӣ, мушкилот
Дидори масъулони сарҳадии Зуни шимоли толибон бо ҳайати низомии кишвари Ӯзбекистон
Ду тараф тавофуқ намуданд то мушкилоташонро аз роҳи гуфтугӯ анҷом дода ва аз эҳтимоли ҳаргуна тахлифоти марзӣ дар оянда ҷилавгирӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ҳайати муташаккил аз қумондонони сарҳадии Зуни шимоли кишвар бо ҳайати Низомии кишвари Узбекистони дар як мулоқот аз қабл таъйиншуда рӯзи гузшта дар бандари Ҳайратони вилояти Балх рӯй масоили амниятӣ ва марзӣ бо ҳам гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин дидор ду тараф рӯйи чигунагӣ таъмини амнияти беҳтари сарҳаддоти ду кишвар, ҳалли чолишҳо, ҳамоҳангии лозим ва таъмини иртибототи байни неруҳои сарҳадӣ ва соири мавзуъотро баҳс намуданд.
Ду тараф тавофуқ намуданд то мушкилоташанро аз роҳи гуфтугӯ анҷом дода ва аз эҳтимоли ҳаргуна тахаллуфоти марзӣ дар оянда ҷилавгирӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, чи чанде пеш дар марзи Афғонистону Ӯзбекистон даргирие сурат гирифт.
Мақомоти марзбонии Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия гуфта буд, ки дар ҳудуди ҷазираи Арал Пайғамбари вилояти Сурхондарё як гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, бо заврақҳояшон ба ҷазираи мазкур омадаанд.
Таъкид шудааст, ба гуруҳи марзбонон, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, марзшиканон муқовимат нишон доданд.
"Дар натиҷаи гузарондани амалиёт 24 нафар барои марзшиканӣ боздошт гардида, шахсияташон муайян карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Тавзеҳ дода шудааст, ки ҳадафи ин гуруҳи марзшиканон ҷамъоварии решаи гиёҳи ширинбия будааст, ки дар ин минтақа ба миқдори зиёд мерӯяд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли гузашта толибҳо ғасб карда, таъкид намуданд, ки аз қаламрави ин кишвар барои ҳамсояҳо ҳеч таҳдиде ҷой надорад.