Фоҷиа дар Хистеварз: ҳалокати ду коргари кироя зери девори бетонӣ

© КЧС МВД РКПерекрытие и стена обрушились в строящемся доме в Астане
Перекрытие и стена обрушились в строящемся доме в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомот ҳодисаи мудҳиш ба эҳтимоли зиёд дар пайи риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ сар задааст, аммохулосаи ниҳоӣ ҳанӯз дақиқ нест
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуроф зери девори бетонӣ мондаву ба ҳалокат расидаанд.
Бино иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар, ҳодиса рӯзи 31-уми октябр ҳангоми кор дар як бинои хароба рух додааст.
Ҳалокшудагони сокинони кӯчаи ба номи Додо Зокрирови ҷамоати деҳоти Хистеварз буда, яке 43-сола ва дуюмӣ 35 сол доштааст.
Гуфта мешавад, ки иншооти бекорхобидае, ба ҶДММ “Асрор” мансуб буда, қаблан корхонаи тавлиди равған буд, фавтидагон чун коргари кироя дар он ҷо кор мекарданд.
Колодец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
Ҳалокати ду нафар дар Зафарободи Тоҷикистон бар асари масмумият аз газ
"Ҳангоми вайрон намудани қисмати иншооти ёдшуда, ҳарду зери бетонпораҳо монда, ба ҳалокат расидаанд", - афзудааст манбаъ.
КҲФ мегӯяд, бо дарёфти хабари мазкур дастаи имдодгарон дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасадҳоро аз зери ғарами бетон берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд.
Сабаби ин ҳодиса дақиқ маълум нест. Вале ба эҳтимоли зиёд риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои кор боиси марги онҳо шуда бошад.
Лентаи хабарҳо
0