https://sputnik.tj/20220817/halokati-zafarobodi-tojikiston-asari-masmuiyat-gaz-1050781692.html
Ҳалокати ду нафар дар Зафарободи Тоҷикистон бар асари масмумият аз газ
Ҳалокати ду нафар дар Зафарободи Тоҷикистон бар асари масмумият аз газ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳалокати ду нафар дар ноҳияи Зафаробод бар асари заҳролуд шудан аз гази оксиди карбон хабар доданд
2022-08-17T21:30+0500
2022-08-17T21:30+0500
2022-08-17T21:30+0500
дар тоҷикистон
кҳф
заҳролудшавӣ
ҳалокат
наҷотдиҳандагон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102804/26/1028042603_0:1:1000:564_1920x0_80_0_0_65d1a25e3f1071f5e6d4d229cb01beb4.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ду нафар дар ноҳияи Зафаробод бар асари заҳролуд шудан бо гази оксиди карбон ба ҳалокат расидаву як нафар дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол дода шудааст, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, пизишкон аҳволи бистаришударо хуб арзёбӣ намекунанд.КҲФ Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳодиса мазкур 16-уми август рух додааст.Навбатдори Раёсати КҲФ Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфтааст, ки дар системаи қубурҳои интиқоли оби ташнобҳо садама рух дод ва ин се нафар барои бартараф намудани паёмадҳои он вориди чоҳ шудаанд.Дар ҳоли ҳозир КҲФ сабаби ҳодиса дақиқ накардааст, аммо мегӯяд эҳтимол меравад ин се корманд бе либоси махсус ва омодагии қаблӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба ин фоҷеа рӯ ба рӯ шуда бошанд.Бино ба иттилои расида яке аз ҳалокшудагон 38 ва дуюмӣ 46 сол дошта, аввали сокини кӯчаи Н.Зарифов ва дуюмӣ истиқоматкунандаи кӯчаи Айнии шаҳраки Зафаробод будаанд. Ҳарду оиладор ва соҳиби фарзандон.Сеюмӣ, ки ҳамоно дар бемористон бистарист ва табибон ҳоли ӯро низ вазнин арзёбӣ мекунанд, низ сокини кӯчаи айнии шаҳраки Зафаробод будаааст.
https://sputnik.tj/20220726/sardori-khf-sugd-sokinon-gharq-1050282709.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102804/26/1028042603_124:0:876:564_1920x0_80_0_0_a841fd1037c290e5a96ea6f98b3cb809.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳалокат, зафаробод, заҳролудшавӣ, газ, кҳф
тоҷикистон, ҳалокат, зафаробод, заҳролудшавӣ, газ, кҳф
Ҳалокати ду нафар дар Зафарободи Тоҷикистон бар асари масмумият аз газ
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳалокати ду нафар дар ноҳияи Зафаробод бар асари заҳролуд шудан аз гази оксиди карбон хабар доданд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ду нафар дар ноҳияи Зафаробод бар асари заҳролуд шудан бо гази оксиди карбон ба ҳалокат расидаву як нафар дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол дода шудааст, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, пизишкон аҳволи бистаришударо хуб арзёбӣ намекунанд.
КҲФ Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳодиса мазкур 16-уми август рух додааст.
Навбатдори Раёсати КҲФ Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфтааст, ки дар системаи қубурҳои интиқоли оби ташнобҳо садама рух дод ва ин се нафар барои бартараф намудани паёмадҳои он вориди чоҳ шудаанд.
“Ба муҷарради ворид шудан ҳар се шадидан аз партоби гази оксиди карбон заҳролуд шудаанд. Ду нафар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, як нафари дигар дар ҳоли беҳушӣ аз чоҳ берун оварда шуда ва ба беморхона интиқол дода шудааст”, - таъкид кардааст КҲФ.
Дар ҳоли ҳозир КҲФ сабаби ҳодиса дақиқ накардааст, аммо мегӯяд эҳтимол меравад ин се корманд бе либоси махсус ва омодагии қаблӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба ин фоҷеа рӯ ба рӯ шуда бошанд.
Бино ба иттилои расида яке аз ҳалокшудагон 38 ва дуюмӣ 46 сол дошта, аввали сокини кӯчаи Н.Зарифов ва дуюмӣ истиқоматкунандаи кӯчаи Айнии шаҳраки Зафаробод будаанд. Ҳарду оиладор ва соҳиби фарзандон.
Сеюмӣ, ки ҳамоно дар бемористон бистарист ва табибон ҳоли ӯро низ вазнин арзёбӣ мекунанд, низ сокини кӯчаи айнии шаҳраки Зафаробод будаааст.