https://sputnik.tj/20221101/fft-ism-dovaron-bozi-tojikiston-rusiya-1052561055.html
ФФТ исми доварони бозии Тоҷикистону Русияро эълон кард
ФФТ исми доварони бозии Тоҷикистону Русияро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Рақобати мунтахабҳои Тоҷикистону Русияро доварони сатҳи байналмилалӣ ва беҳтарин дар сатҳи Конфедератсияи футболи Осиё ҳакамӣ хоҳанд кард
2022-11-01T15:00+0500
2022-11-01T15:00+0500
2022-11-01T15:00+0500
ффт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048175916_0:257:2858:1865_1920x0_80_0_0_e26b04a0d06f15e14c429f22f114b24c.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Русия ва Тоҷикистонро доварони ӯзбекистонӣ ҳакамӣ хоҳанд кард.Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон гузориш медиҳад.Гуфта мешавад, ҳайати доварон аз Ӯзбекистонро барои ҳакамӣ ФФТ даъват кардааст. Ҳамин тариқ вазифаи довари марказии ин бозиро довари 38-солаи ФИФА Илгиз Танташеви ӯзбек, ки ба категорияи доварони элитаи КФО шомил аст, иҷро мекунад. Ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Тимур Гайнуллини 40-сола ва Андрей Сапенкои 35-сола кӯмак мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки бозии мазкур рӯзи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мешавад. Оғози рақобат соати 20:00 муқаррар гардидааст.Ёдовар мешавем, ки ин нахустин дидори мунтахабҳои Тоҷикистон ва Русия дар таърих аст.Коршиносон дар бораи бозии мазкур назарҳои гуногун дошта, бештар бартариро ба тими русия нисбат медиҳанд, аммо дар баробари ин аҳамияти бозӣ ва таҷрибаи онро барои яккачини Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунанд.Гуфта мешавад, ки ин бозии мақоми расмӣ хоҳад дошт. "Тибқи созишномаи имзошуда миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Русия, ин бозии расмии дӯстонаи байнулмилалӣ хоҳад буд", - гуфтанд дар ФФТ.
https://sputnik.tj/20221101/arak-merezand-korshinos-gholib-bozi-tojikiston-rusiya-1052559251.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048175916_185:0:2672:1865_1920x0_80_0_0_1512947f3959f91c8a605d8937985063.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ффт доварон бозӣ тоҷикистон русия
ффт доварон бозӣ тоҷикистон русия
ФФТ исми доварони бозии Тоҷикистону Русияро эълон кард
Рақобати мунтахабҳои Тоҷикистону Русияро доварони сатҳи байналмилалӣ ва беҳтарин дар сатҳи Конфедератсияи футболи Осиё ҳакамӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Русия ва Тоҷикистонро доварони ӯзбекистонӣ ҳакамӣ хоҳанд кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ҳайати доварон аз Ӯзбекистонро барои ҳакамӣ ФФТ даъват кардааст.
Ҳамин тариқ вазифаи довари марказии ин бозиро довари 38-солаи ФИФА Илгиз Танташеви ӯзбек, ки ба категорияи доварони элитаи КФО шомил аст, иҷро мекунад.
Ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Тимур Гайнуллини 40-сола ва Андрей Сапенкои 35-сола кӯмак мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки бозии мазкур рӯзи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мешавад. Оғози рақобат соати 20:00 муқаррар гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин дидори мунтахабҳои Тоҷикистон ва Русия дар таърих аст.
Коршиносон дар бораи бозии мазкур назарҳои гуногун дошта, бештар бартариро ба тими русия нисбат медиҳанд, аммо дар баробари ин аҳамияти бозӣ ва таҷрибаи онро барои яккачини Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ин бозии мақоми расмӣ хоҳад дошт.
"Тибқи созишномаи имзошуда миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Русия, ин бозии расмии дӯстонаи байнулмилалӣ хоҳад буд", - гуфтанд дар ФФТ.