Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон рафт: Чаро?

© Пресс-служба президента Таджикистана Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во время рабочей поездки по регионам Таджикистана
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во время рабочей поездки по регионам Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2022
Обуна шудан
Ҳадафи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Хатлон шиносоӣ бо корҳои бунёдкорӣ, ҷараёни корҳои саҳроӣ ва мулоқот бо мардум арзёбӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, сафари корияш ба вилояти Хатлонро аз ноҳияи Қубодиён оғоз намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти нав, шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ ва мулоқот бо мардум мебошад.
Дар Қубодиён президент нахуст дар деҳоти ба номи Утақара Назаров бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-ро ифтитоҳ намуд, ки аз 2 ошёнаю 11 ҳуҷра иборат буда, аз сӯи соҳибкори маҳаллӣ Фарҳод Зиёев сохта шудааст.
Курбон Хакимзода глава Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Мақомот аз афзоиши шумори соҳибкорон дар Хатлон хабар дод
Раисҷумҳур омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон даъват намуд.
Дар ин макон президент ҳамчунин барои бунёди муассисаи томактабӣ санги асос гузошт.
Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон дар Қубодиён бинои Шуъбаи маорифи ноҳия, бинои раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, майдони парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода дод.
Дар хоҷагии деҳқонии "Бобои Ҷӯра", Эмомалӣ Раҳмон бо таҷрибаи парвариши шолӣ шинос шуда, дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ иштирок намуд.
Лентаи хабарҳо
0