Мақомот аз афзоиши шумори соҳибкорон дар Хатлон хабар дод

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонКурбон Хакимзода глава Хатлонской области
Курбон Хакимзода глава Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон мегӯяд, ки дар нӯҳ моҳи соли равон бештари нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар вилоят бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст гардидааст
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Вилояти Хатлон дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда бештари нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст гардид, мегӯяд раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят.
Ба гуфтаи раиси вилояти Хатлон дар ҳоли ҳозир дар вилоят рушди соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои вай, ба ҳолати 1-уми октябри соли 2022 шумораи соҳибкорон дар вилоят ба 107 ҳазору 998 нафар расидааст.
Вай таъкид кард, ки дар маҷмуъ шумораи соҳибкорон нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 579 нафар афзоиш ёфтааст.
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Ба вилояти Хатлон 28 давлати хориҷӣ сармоягузорӣ кардаст
Ҳамзамон раиси вилоят дар ин ҷаласа қайд кард, ки новобаста аз вазъи душвори иқтисодӣ дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои ғанигардонӣ ва ҷамъоварии андозҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ гардид.
“Андешидани чунин чораҳо барои таъмини қисми даромади буҷет мусоидат намуданд”,- гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Вай афзуд, ки бобати иҷрои нақшаи андозҳо тадбирҳо амалӣ гардида, нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 518,9 миллион сомонӣ ворид гардидааст.
Ба гуфтаи раиси вилояти Хатлон ин нишондиҳанда ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 36,3 милллион сомонӣ зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0