Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Бозии Русия - Тоҷикистон: хабарҳои охирин

ФФР бозии миёни Русия ва Тоҷикистонро бонг барои футболи ҷаҳон номид

© Sputnik / Каллиников КириллФутболисты перед матчем
Футболисты перед матчем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2022
Обуна шудан
Президенти фахрии Федератсияи футболи Русия бовар дорад, ки бозии дарпешистода барои тамоми футболи ҷаҳон бонги хубе хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ нишонаи хубе хоҳад дод, ки футболи Русия дар инзиво нест.
Дар ин бора президенти фахрии ФФР Вячеслав Колосков хабар дод, менависад РИА "Новости". Ба гуфтаи ӯ, ҳоло тими Русия бояд бо онҳое бозӣ кунад, ки дастрасанд.
"Ҳоло Тоҷикистон хоҳад буд ва баъд, зоҳиран, Ӯзбекистон. Кори хуби ФФР, ки имкон медиҳад, мавҷудияти тими миллии Русия тасдиқ карда шавад. Аммо ин инчунин як сигнали хубест барои тамоми футболи ҷаҳонӣ, ки мо дар инзивъ нестем", - афзуд ӯ.
Вай афзуд, футболи Русия комилан мувофиқи оинномаи худ фаъолияташро идома медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони Русия бо варзишгарони тоҷик бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Вохӯрӣ дар Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ баргузор мешавад.
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2022
Тафсилоти сабқати тимҳои миллии Тоҷикистону Русия
Шогирдони Валерий Карпин ва сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт рӯзи 17 ноябр бозии дӯстона анҷом медиҳанд.
Ҳамчунин дар майдони Душанбе дастаҳои футболи хурди Русия ва Тоҷикистон вомехӯранд. Рӯзҳои 7 ва 8 ноябр байни дастаҳо ду бозии дӯстона баргузор мешавад. Вохӯриҳо дарМаҷмааи варзишии "Пойтахт" баргузор мешаванд, оғози ҳарду бозӣ – соати 18:00 (бо вақти маҳаллӣ).
Қаблан ФИФА ва УЕФА дастаҳо ва бошгоҳҳои Русияро аз ширкат дар ҳама мусобиқоти байнулмилалӣ ба мӯҳлати номуайян маҳрум карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0