https://sputnik.tj/20221101/nuqta-putin-anjom-basij-1052553645.html
Нуқта гузошта шуд! Путин анҷоми басиҷи нисбиро эълон кард
Нуқта гузошта шуд! Путин анҷоми басиҷи нисбиро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Чорабиниҳои марбути сафарбарсозии қисмии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиши Русия анҷом ёфта, аксари афроди ҷалбшуда феълан ба омодагӣ фаро гирифта шудаанд 01.11.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-11-01T11:30+0500
2022-11-01T11:30+0500
2022-11-01T11:30+0500
дар русия
амният ва мудофиа
владимир путин
сафарбарсозии нисбӣ
анҷом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/01/1052552360_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_9e8780c43d4a04b3e0047d47bd4da010.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Басиҷи нисбӣ дар Русия анҷом ёфт, иттилоъ дод президенти кишвар, Владимир Путин. Раисҷумҳури Русия зимни як нишасти ахири матбуотӣ гуфт, мутмаин нест, ки оё барои анҷоми сафарбарсозии нисбӣ фармони алоҳида лозим аст ё на. "Вазорати дифоъ пешниҳод кард, ки корҳои сафарбаркунӣ анҷом дода шаванд. Бо ҳуқуқшиносон сӯҳбат мекунам, ки оё лозим аст, ки бо фармон анҷомашро эълон кунем, аммо басиҷи нисбӣ поён ёфт. Нуқта гузошта шуд", - гуфт Путин. Ба иттилои ӯ, аз миёни нерӯҳое, ки дар доираи басиҷ ҷалб шудаанд, феълан ҳудуди 260 ҳазор нафар дар амалиёти ҷангӣ ширкат намекунанд. Сафарбаршудаҳо ба артиш аз омодагии махсус мегузаранд. Маврид ба зикр аст, ки аз аввалинҳо шуда, шаҳрдори Маскав Сергей Собянин аз анҷоми сафарбаркунии қисмӣ хабар дод. Шаҳрдорӣ гуфт, аллакай даъватномаҳое, ки ба сокинон фиристода шудаанд, барои ҳозир гардидан ба комиссариатҳои ҳарбӣ аз эътибор соқит дониста мешаванд. Ёдовар мешавем, ки Путин рӯзи 21 сентябр аз сафарбаркунии нисбӣ дар кишвар хабар дода буд.Тибқи фармони ӯ, танҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар захира ҳастанд ва дар навбати аввал онҳое, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хидмат кардаанд, дорои ихтисосҳои муайяни ҳарбӣ ва таҷрибаи дахлдор мебошанд, даъват мешаванд. Дар умум нақшаи даъвати 300 ҳазор нафар таъйид шуда буд.
https://sputnik.tj/20221026/tamrini-zarbahoi-hastai-tahti-nazorati-putin-1052441660.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/01/1052552360_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_559c6bdc3bbf39c598510b1e7f5354ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, амният ва мудофиа, владимир путин, сафарбарсозии нисбӣ, анҷом
дар русия, амният ва мудофиа, владимир путин, сафарбарсозии нисбӣ, анҷом
Нуқта гузошта шуд! Путин анҷоми басиҷи нисбиро эълон кард
Чорабиниҳои марбути сафарбарсозии қисмии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиши Русия анҷом ёфта, аксари афроди ҷалбшуда феълан ба омодагӣ фаро гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Басиҷи нисбӣ дар Русия анҷом ёфт, иттилоъ дод президенти кишвар, Владимир Путин.
Раисҷумҳури Русия зимни як нишасти ахири матбуотӣ гуфт, мутмаин нест, ки оё барои анҷоми сафарбарсозии нисбӣ фармони алоҳида лозим аст ё на.
"Вазорати дифоъ пешниҳод кард, ки корҳои сафарбаркунӣ анҷом дода шаванд. Бо ҳуқуқшиносон сӯҳбат мекунам, ки оё лозим аст, ки бо фармон анҷомашро эълон кунем, аммо басиҷи нисбӣ поён ёфт. Нуқта гузошта шуд", - гуфт Путин.
Ба иттилои ӯ, аз миёни нерӯҳое, ки дар доираи басиҷ ҷалб шудаанд, феълан ҳудуди 260 ҳазор нафар дар амалиёти ҷангӣ ширкат намекунанд. Сафарбаршудаҳо ба артиш аз омодагии махсус мегузаранд.
Маврид ба зикр аст, ки аз аввалинҳо шуда, шаҳрдори Маскав Сергей Собянин аз анҷоми сафарбаркунии қисмӣ хабар дод. Шаҳрдорӣ гуфт, аллакай даъватномаҳое, ки ба сокинон фиристода шудаанд, барои ҳозир гардидан ба комиссариатҳои ҳарбӣ аз эътибор соқит дониста мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Путин рӯзи 21 сентябр аз сафарбаркунии нисбӣ дар кишвар хабар дода буд.
Тибқи фармони ӯ, танҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар захира ҳастанд ва дар навбати аввал онҳое, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хидмат кардаанд, дорои ихтисосҳои муайяни ҳарбӣ ва таҷрибаи дахлдор мебошанд, даъват мешаванд. Дар умум нақшаи даъвати 300 ҳазор нафар таъйид шуда буд.