Сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ мулоқот мекунанд

© Sputnik / Ольга БалашоваФлаги стран-участников ШОС. Архивное фото
Флаги стран-участников ШОС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
Ҷаласаи машваратии сардорони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Соозмони Шанхай таҳти раёсати сарвазири Шӯрои давлатии Чин доир мешавад
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай мулоқот мекунанд, хабар медиҳад, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин Чжао Литзян.
Чорабинӣ таҳти раёсати сарвазири Чин Ли Кетсян рӯзи 1 ноябр тавассути онлайнӣ баргузор мешавад.
Ба гуфтаи дипломат, дар ин чорабинӣ сарони ҳукуматҳо ва дигар намояндагони кишварҳои узви СҲШ ва кишварҳои нозир ширкат хоҳанд кард.
Дар ҷаласа кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд, мушаххас нест.
Заседание Совета национальных координаторов государств ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти мол бо кишварҳои СҲШ-ро эълон кард
Қаблан вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ дар чаҳорчӯби нишасти 21-ум як қатор пешниҳодҳо барои густариши ҳамкориҳоро зимни як ҷаласаи онлайнӣ баррасӣ карда буданд.
Маълум шуд, ки гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва кишварҳои узви СҲШ дар нимсолаи аввали соли 2022 68%-ро ташкил додааст.
Зиёда аз 60%-и гардиши молии Тоҷикистон ба кишварҳои узви СҲШ рост меояд ва бузургтарин шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон ва Ҳиндустон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0