https://sputnik.tj/20220929/tojikiston-muomilot-mol-shsh-elon-1051751803.html
Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти мол бо кишварҳои СҲШ-ро эълон кард
Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти мол бо кишварҳои СҲШ-ро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ҷаласаи 21-умин як қатор пешниҳодҳоро барои густариши шарикӣ баррасӣ карданд
2022-09-29T10:43+0500
2022-09-29T10:43+0500
2022-09-29T10:45+0500
дар тоҷикистон
сҳш
тиҷорат
гардиши молу коло
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1c/1051741771_0:40:3072:1768_1920x0_80_0_0_efa27705f89257e6758c1f24445a98dc.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар нимаи аввали соли 2022 68 дарсадро ташкил дод. Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, дар ҳошияи суханронӣ дар ҷаласаи 21-уми вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой изҳор дошт. Мулоқот дар шакли онлайнӣ сурат гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ. Завқӣ Завқизода қайд кардааст, ки равобити кишварҳои СҲШ пайваста инкишоф ёфта, ба сатҳи баланд мерасад. Вай таъкид кард, ки густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ин Созмон аз авлавиятҳои аслии Тоҷикистон аст. Дар ҷаласа вазирони иқтисод ва тиҷорати кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Иштирокчиён як қатор пешниҳодҳоро оид ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, тиҷорати электронӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва афзоиши содирот, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ карданд.
https://sputnik.tj/20220902/bandarhoi-eron-kishvarhoi-uzvi-shsh-1051127781.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1c/1051741771_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_8db89a2fb0bc3ee8be7d8fc64329cd4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон муомилот мол сҳш
тоҷикистон муомилот мол сҳш
Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти мол бо кишварҳои СҲШ-ро эълон кард
10:43 29.09.2022 (Навсозишуда: 10:45 29.09.2022) Вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ҷаласаи 21-умин як қатор пешниҳодҳоро барои густариши шарикӣ баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар нимаи аввали соли 2022 68 дарсадро ташкил дод.
Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, дар ҳошияи суханронӣ дар ҷаласаи 21-уми вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой изҳор дошт.
"Зиёда аз 60 дарсади муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои узви СҲШ буда, шарикони бузурги тиҷоратии ҷумҳурӣ Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон ва Ҳиндустон мебошанд", - гуфт ӯ.
Мулоқот дар шакли онлайнӣ сурат гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ.
Завқӣ Завқизода қайд кардааст, ки равобити кишварҳои СҲШ пайваста инкишоф ёфта, ба сатҳи баланд мерасад.
Вай таъкид кард, ки густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ин Созмон аз авлавиятҳои аслии Тоҷикистон аст.
Дар ҷаласа вазирони иқтисод ва тиҷорати кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.
Иштирокчиён як қатор пешниҳодҳоро оид ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, тиҷорати электронӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва афзоиши содирот, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ карданд.