Садамаи маргбор бо иштироки наврас дар Душанбе: Боло бурдани синни ронандагӣ роҳи ҳал аст?

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкЗнак "Учебный автомобиль" на крыше автомобиля
Знак Учебный автомобиль на крыше автомобиля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
Наврас сари идораи худрави "Мерседес" ҳангоми ҳаракат аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба сӯи корхонаи "Сементбарорӣ" ба садама дучор шудааст
ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Ронандаи 17-солаи "Мерседес-Бенс" бар асари садама дар шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст, хабар дод Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, шоми 30-юми октябри соли равон ноболиғи 17-сола, сокини пойтахт, бе шаҳодатномаи ронандагӣ пушти чанбари мошини "Мерседес-Бенс" нишастаст.
"Вай ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Рӯдакӣ ба самти роҳи мошингарди ҶСК “Сементбарорӣ”-и шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби рости роҳ бархӯрдааст", - омадааст дар иттилоия.
Дар натиҷа, худи ронандаи ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири 25-солааш дар беморхона бистарӣ гардидаст. ВУД таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон масъалаи синни боло бурдани синни ронандагиро баррасӣ доранд.
Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Тоҷикистон тарҳи нави қонун дар мавриди қоидаҳои ҳаракат дар роҳро пешниҳод кардааст, ки аз аз ҷумла масъалаи боло бурдани синни ронандагиро дар бар мегирад, хабар дода шуд дар нишасти матбуотии ахири ВУД.
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2022
Падар писари хурдсолашро пахш кард: ҳалокати кӯдаки сесола дар як садама
Ба иттилои манбаъ, феълан тарҳи қонун дар мувофиқа миёни идораю вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад.
Ин нукта дар посух ба масъалагузории рӯзноманигорон баён дошта шуд, ки бисёри садамаҳо бо иштироки ронандаҳои ҷавон рух медиҳанд. Феълан маълум нест, ки то куҷо боло бурдани синни ронандагӣ дар Тоҷикистон барои коҳиши теъдоди садамаҳо мусоидат менамояд.
Айни ҳол қонунгузории Тоҷикистон синни додани шаҳодатномаи ронандагиро 18 муқаррар кардааст.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода аз сабабҳои аслии сар задани садамаҳоро риоя накардани қоидаҳо аз сӯи ронандагон номид. Аз ҷумла нақзи қоидаҳои сабқат, баланд бардоштани суръат ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро зикр намуд.
Лентаи хабарҳо
0