https://sputnik.tj/20220827/padar-pisari-khurdsol-pakhsh-halokati-kudak-sadama-1050982768.html
Падар писари хурдсолашро пахш кард: ҳалокати кӯдаки сесола дар як садама
Падар писари хурдсолашро пахш кард: ҳалокати кӯдаки сесола дар як садама
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳалокати писари се соларо, ки бар асари як садамаи ба ҳалокат расидааст, таҳқиқи доранд
2022-08-27T22:00+0500
2022-08-27T22:00+0500
2022-08-29T18:26+0500
дар тоҷикистон
хурдсол
садама
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1f/1033106263_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_286e65baee391c3079f30a04cc5b9b8f.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар ноҳияи А.Ҷомӣ як садамаи мудҳише рух додааст. Падар писари хурдсолашро бо мошинаш ҳангоми ҳаракат ба қафо пахш намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВКД-и Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-4502”, Бердиев Ашуралӣ, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, бо мақсади ба хонаи истиқоматиашон даровардани мошинаш ҳангоми ҳаракат ба қисмати қафо аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, писари хурдсолаш Бердизода Мусулмон Ашуралӣ, соли таваллудаш 2019-ро пахш намудааст.ВУД бо таасуф хабар додааст, ки дар натиҷа, хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Инчунин ВУД Тоҷикистон дар бораи як садамаи маргбори дигар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, садамаи мазкур дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ", дар ҳудуди ноҳияи Спитамен рух додааст.“Ронандаи автомашинаи “Тойота-Марк”, таҳти идораи сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Вадудов Дилшод, сокини ноҳияи Фархор бархӯрдааст”, - иттилоъ додааст ВУД.Манбаъ илова кардааст, ки дар натиҷа ҳарду ронандагон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.“Аммо ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” мутаасифона дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, хабар додааст ВУД.Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ин ҳаводис аз тарафи кормандони милитсияи Тоҷикистон идома доранд.
https://sputnik.tj/20220826/jinoyatkori-tojikiston-kohish-1050960339.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1f/1033106263_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_ed3e38646a790e28395076205360c02c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, садама, пахш, падар, писар, ҳалокат, хӯрдсол
тоҷикистон, садама, пахш, падар, писар, ҳалокат, хӯрдсол
Падар писари хурдсолашро пахш кард: ҳалокати кӯдаки сесола дар як садама
22:00 27.08.2022 (Навсозишуда: 18:26 29.08.2022) Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳалокати писари се соларо, ки бар асари як садамаи ба ҳалокат расидааст, таҳқиқ доранд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар ноҳияи А.Ҷомӣ як садамаи мудҳише рух додааст. Падар писари хурдсолашро бо мошинаш ҳангоми ҳаракат ба қафо пахш намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВКД-и Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-4502”, Бердиев Ашуралӣ, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, бо мақсади ба хонаи истиқоматиашон даровардани мошинаш ҳангоми ҳаракат ба қисмати қафо аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, писари хурдсолаш Бердизода Мусулмон Ашуралӣ, соли таваллудаш 2019-ро пахш намудааст.
ВУД бо таасуф хабар додааст, ки дар натиҷа, хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин ВУД Тоҷикистон дар бораи як садамаи маргбори дигар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, садамаи мазкур дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ", дар ҳудуди ноҳияи Спитамен рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи “Тойота-Марк”, таҳти идораи сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Вадудов Дилшод, сокини ноҳияи Фархор бархӯрдааст”, - иттилоъ додааст ВУД.
Манбаъ илова кардааст, ки дар натиҷа ҳарду ронандагон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.
“Аммо ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” мутаасифона дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, хабар додааст ВУД.
Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ин ҳаводис аз тарафи кормандони милитсияи Тоҷикистон идома доранд.