https://sputnik.tj/20221031/jinpin-dusti-chin-rusiya-oyandador-1052533045.html
Ҷинпин: дӯстии Чину Русия ояндадор аст
Ҷинпин: дӯстии Чину Русия ояндадор аст
Sputnik Тоҷикистон
Сарвари Чин қайд кард, ки муносибатҳои Чину Русия дар марҳилаи ҷадид низ сатҳи баланди рушд ва ҳамкориҳои стратегиро нигоҳ медоранд
2022-10-31T11:44+0500
2022-10-31T11:44+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
си ҷинпин
ҳамкорӣ
дӯстӣ
таҳким
чин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/10/1044208620_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_47d76fe1ccccc7f70dd2c710bf3fbd46.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳои Русия ва Чин мунтазам мустаҳкамтар мешаванд. Ин нуктаро раҳбари Чин, Син Ҷинпин дар паёми шодбошияш ба ҷамъияти дӯстии ду кишвар баён дошт. Ҷинпин дар барқияи табрикӣ ба муносибати 65-умин солгарди таъсиси Ҷамъияти дӯстии Русияву Чин ҳамчунин қайд кардааст, ки ин созмон аз замони таъсисаш ҳамеша ба мафҳуми дӯстии халқҳо пойбанд будааст. Ба гуфтаи роҳбари Чин, ҷамъият дар таҳкими ҳусни тафоҳум ва эътимоди байни ду давлат саҳми муҳим гузошт. "Айни замон муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи Чину Русия ва ҳамкориҳои стратегӣ дар давраи нав сатҳи баланди рушдро нигоҳ медоранд", - гуфта мешавад дар паём. Ба гуфтаи Си Ҷинпин, табодул ва ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Чин дар бахшҳои мухталиф амиқтар мешавад ва "дӯстии ду халқ пайваста таҳким меёбад". Раҳбари Чин таъкид кард, ки муносиботу дӯстии кишварҳо зарфияту имкониятҳои бузург доранд. Вай изҳори умедворӣ намуд, ки ҷамъияти дӯстии Русия ва Чин минбаъд ҳам дар мустаҳкам намудани алоқаҳои зич нақши калон мебозад.
https://sputnik.tj/20220915/si-jinpin-omoda-hamkori-rusiya-jahon-rushd-1051432292.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/10/1044208620_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_349707a5716635f537ad6fb08143301f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъкид, ҷинпин, русия, чин, ҳамкорӣ, таҳким
таъкид, ҷинпин, русия, чин, ҳамкорӣ, таҳким
Ҷинпин: дӯстии Чину Русия ояндадор аст
11:44 31.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Сарвари Чин қайд кард, ки муносибатҳои Чину Русия дар марҳилаи ҷадид низ сатҳи баланди рушд ва ҳамкориҳои стратегиро нигоҳ медоранд
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳои Русия ва Чин мунтазам мустаҳкамтар мешаванд.
Ин нуктаро раҳбари Чин, Син Ҷинпин дар паёми шодбошияш ба ҷамъияти дӯстии ду кишвар баён дошт.
Ҷинпин дар барқияи табрикӣ ба муносибати 65-умин солгарди таъсиси Ҷамъияти дӯстии Русияву Чин ҳамчунин қайд кардааст, ки ин созмон аз замони таъсисаш ҳамеша ба мафҳуми дӯстии халқҳо пойбанд будааст.
Ба гуфтаи роҳбари Чин, ҷамъият дар таҳкими ҳусни тафоҳум ва эътимоди байни ду давлат саҳми муҳим гузошт.
"Айни замон муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи Чину Русия ва ҳамкориҳои стратегӣ дар давраи нав сатҳи баланди рушдро нигоҳ медоранд", - гуфта мешавад дар паём.
Ба гуфтаи Си Ҷинпин, табодул ва ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Чин дар бахшҳои мухталиф амиқтар мешавад ва "дӯстии ду халқ пайваста таҳким меёбад".
Раҳбари Чин таъкид кард, ки муносиботу дӯстии кишварҳо зарфияту имкониятҳои бузург доранд.
Вай изҳори умедворӣ намуд, ки ҷамъияти дӯстии Русия ва Чин минбаъд ҳам дар мустаҳкам намудани алоқаҳои зич нақши калон мебозад.