https://sputnik.tj/20220915/si-jinpin-omoda-hamkori-rusiya-jahon-rushd-1051432292.html
Чину Русия мехоҳанд "лаҷом"-и ҷаҳони тағйирёбандаро ба даст гиранд
Чину Русия мехоҳанд "лаҷом"-и ҷаҳони тағйирёбандаро ба даст гиранд
Sputnik Тоҷикистон
Чин ва Русия мехоҳанд ҷаҳони тағйирёбандаро ба масири устувор, ки дорои низоми одил, демократӣ ва чандқутбӣ бошад бароранд, ки меҳвараш қавонини байналмилалист
2022-09-15T17:33+0500
2022-09-15T17:33+0500
2022-09-15T20:10+0500
чин
дар русия
владимир путин
си ҷинпин
сҳш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/02/1047291421_0:47:2225:1299_1920x0_80_0_0_b5d41ebced232ad4559aeb1a827d46d9.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Чин омодааст, дар якҷоягӣ бо Русия ҷаҳони тағйирёбандаро ба роҳи рушди устувор гузорад. Дар ин бора Сӣ Ҷинпин, раисҷумҳури Чин зимни мулоқот бо Владимир Путин раисҷумҳури Русия изҳор дошт.Вай ҳамчунин изҳори омодагӣ кард, ки бо Путин дар бораи рӯзномаи байналмилалӣ ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар кунад. Раисиҷумҳури Русия дар навбати худ қайд кард, ки пушти механизми сиёсати хориҷии Маскав ва Пекин дар таъмини суботи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нақши калидӣ дорад. "Механизми сиёсати хориҷии Маскав ва Пекин дар таъмини суботи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нақши калидӣ дорад. Мо якҷоя ҷонибдори ташаккули низоми одилона, демократӣ ва чандқутби ҷаҳон дар асоси қоидаҳои байналмилалӣ ва нақши марказии СММ ҳастем", - гуфт Путин.Дар ин мулоқот ҳамзамон сиёсати байналмилалӣ миёни сарони ду абарқудрат баррасӣ шуд ва раисиҷумҳури Русия гуфт, Маскав ба принсипи Чини ягона пойбанд аст ва иғвогариҳои Амрико дар гулӯгоҳи Тайванро маҳкум мекунадЁдовар мешавем:, ки панҷшанбеи 15 сентябр дар Самарқанд нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай оғоз шуд, ки дар он раҳбарони кишварҳои узви ин созмон, кишварҳои нозир ва раисони ҷумҳурии даъватшуда ширкат доранд.
https://sputnik.tj/20220915/putin-jahoni-yakqutb-zisht-1051431746.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/02/1047291421_217:0:2009:1344_1920x0_80_0_0_373d709aca2d308fb1594f62eb7b8e77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин русия ҷаҳон сиёсат
Чину Русия мехоҳанд "лаҷом"-и ҷаҳони тағйирёбандаро ба даст гиранд
17:33 15.09.2022 (Навсозишуда: 20:10 15.09.2022) Чин ва Русия мехоҳанд ҷаҳони тағйирёбандаро ба масири устуворе бароранд, ки дорои низоми одил, демократӣ ва чандқутбӣ бошад
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Чин омодааст, дар якҷоягӣ бо Русия ҷаҳони тағйирёбандаро ба роҳи рушди устувор гузорад. Дар ин бора Сӣ Ҷинпин, раисҷумҳури Чин зимни мулоқот бо Владимир Путин раисҷумҳури Русия изҳор дошт.
"Мо бо ҳамтоёни руси худ омодаем, ки намунаи як қудрати масъулиятноки ҷаҳонӣ нишон диҳем ва барои ба роҳи рушди устувор ва мусбат гузоштани чунин ҷаҳони зудтағйирёбанда нақши пешбарӣ гузорем", - гуфт раҳбари Чин.
Вай ҳамчунин изҳори омодагӣ кард, ки бо Путин дар бораи рӯзномаи байналмилалӣ ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар кунад.
Раисиҷумҳури Русия дар навбати худ қайд кард, ки пушти механизми сиёсати хориҷии Маскав ва Пекин дар таъмини суботи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нақши калидӣ дорад.
"Механизми сиёсати хориҷии Маскав ва Пекин дар таъмини суботи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нақши калидӣ дорад. Мо якҷоя ҷонибдори ташаккули низоми одилона, демократӣ ва чандқутби ҷаҳон дар асоси қоидаҳои байналмилалӣ ва нақши марказии СММ ҳастем", - гуфт Путин.
Дар ин мулоқот ҳамзамон сиёсати байналмилалӣ миёни сарони ду абарқудрат баррасӣ шуд ва раисиҷумҳури Русия гуфт, Маскав ба принсипи Чини ягона пойбанд аст ва иғвогариҳои Амрико дар гулӯгоҳи Тайванро маҳкум мекунад
Ёдовар мешавем:, ки панҷшанбеи 15 сентябр дар Самарқанд нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай оғоз шуд, ки дар он раҳбарони кишварҳои узви ин созмон, кишварҳои нозир ва раисони ҷумҳурии даъватшуда ширкат доранд.