Ҳушдор аз сардӣ ва борону барфи тар дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкСнег с дождем
Снег с дождем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
Ҳавошиносон ва наҷотдиҳандагон сокинони маҳаллӣ ва меҳмонони ҷумҳуриро аз боридани борон, барф ва сардиҳои шадид ҳушдор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад., ки ду рӯзи оянда давом хоҳад кард.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, то 2-уми ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, дар водиҳо боронҳои пуршиддат меборанд ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ эҳтимоли боридани барф зиёд аст.
"Ҳамчунин аз сардии бештари дамои ҳаво низ хабар дода шудааст. Бар асари боронҳо пуршиддат омадани селҳо дар баъзе минтақаҳо эҳтимол дорад", - афзудааст манбаъ.
Илова бар ин, дар пайи коҳиши дамои ҳаво ва боришот дар роҳҳои кӯҳӣ, бахусус ағбаҳо, барфи тар ба симу дарахтон часпида, метавонад ҳолатҳои садмавӣ гардад.
Дар ҳамин ҳол КҲФ аз шаҳрвандони ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш сафарҳои худ ба минтақаҳоро маҳдуд карда, безарурат сафари роҳи дур накунанд.
Зонтик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Дар водиҳо борон дар куҳҳо барф: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
Ин ниҳод, рафтан ба шикоргоҳ ба қасди шикор, моҳидорӣ ба лаби кӯлу наҳрҳо, ҷамъоварии ҳезум ба доманакӯҳҳоро маслиҳат намедиҳад.
Ҳамчунин ин ниҳод ба сокинони ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ дар остонаи фасли сармо гуфтааст, ки бояд захираи ҳезуму ангишт дошта бошанду, истифодаи дастгоҳҳои барқиро риоя карда, зери дарахту симчӯбҳо наистанд.
Аз ронандагон бошад, дархост мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоранд, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст.
Лентаи хабарҳо
0