Дар водиҳо борон дар куҳҳо барф: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© PixabayЗонтик, архивное фото
Зонтик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон барфрезию борон пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар ВМКБ то 9 дараҷа, Суғд то 15, Хатлон то 21 ва шаҳри Душанбею навоҳии атроф то 21 дараҷа гармӣ мерасад
ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон меборад, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳаво қисман абрнок ва дар ноҳияҳои алоҳида бориши борону барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони бошиддат пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар итилоия.
Суғдро низ ҳавои қисман абрнок фаро гирифта. дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳарорат водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм дар назар мебошад.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Ҳавои қисман абрнок дар Хатлон низ пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф дар назар мебошад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳри Душанберо ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, бориш дар назар нест. Ҳарорат шабона ба 9+11дараҷа ва рӯзона ба 19+21 дараҷа гармӣ мерасад.
Лентаи хабарҳо
0