Баҳси буҷа дар маҷлиси Ҳукумат: дастури Раҳмон барои пардохти бетаъхири маошу кумакпулиҳо

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳур тақозо кардааст, ки нақшаҳои буҷету андоз, дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои давраи миёнамуҳлат пурра иҷро карда шавад
ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукуматӣ баргузор карда иҷрои саривақтии супоришҳоро талаб кардааст, хабар медиҳад, дафтари матбуоти президент.
Баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025 мавзуоти асосии маҷлиси Ҳукуматӣ будааст.
Гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур бо назардошти рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст
Заседание правительства Таджикистана 8 апреля 2016 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2022
Парлумон розӣ: Ҳукумат 1 миллиард сомонии дигарро қарз мегирад
Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияро вазифадор намудааст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2023 ва солҳои минбаъда баъле ҷанбаҳоро хуб ба назара бигирад.
Тибқи супориши президент, бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии рушди кишвар, татбиқи барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ, сари вақт сохта, ба истифода додани иншооти ҷашнӣ сармоягузориҳои асосии мутамаркази буҷети давлатӣ зиёд карда шавад.
Раисҷумҳур тақозо кардааст, ки нақшаҳои буҷету андоз, дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои давраи миёнамуҳлат, нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2023 ва дурнамои он барои солҳои 2024 - 2025 вазифаҳо гузоштанд, аз ҷумла барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат бояд сари вақт, пурра ва сифатнок иҷро карда шаванд,
Барои баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ президент хостааст, ки тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
"Ҳамчунин иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ сари вақт ва пурра ва истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таъмин карда шавад", - афзудааст Эмомалӣ Раҳмон..
Дар ин ҷаласа ҳамчунон, Барномаи қарзгирии берунаи давлатии кишвар барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0