Сохтмони "Себзор" дар чӣ ҳол қарор дорад?

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкДорога в Таджикистане вдоль реки, архивное фото
Дорога в Таджикистане вдоль реки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2022
Обуна шудан
Гуруҳи кории ҳукуматӣ бо ҳамроҳии вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар ноҳияи Роштқалъа аз сохтмони нерӯгоҳи "Себзор" боздид кард
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Ҳайати мақомдорони ҳукуматӣ дар мавзеи Барҷангали ноҳияи Роштқалъа аз бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии "Себзор" дидан намуданд, хабар дод нашрияи ҳукуматӣ, "Ҷумҳурият".
Ба иттилои манбаъ, ба ҳайат мудири кулли ширкати "Помир энержи" Амрихон Раҳимов, меҳмонон, таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ, Далер Ҷумъаро бо ҷадвали кор дар иншоот шинос намуд.
"Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо бо суръати баланд рафта истодаанд. Иттилоъ доданд, ки дар баробари бунёди Неругоҳ дар ин ҷо аз ҳисоби маблағҳои лоиҳа 4 километр роҳ асфалтпӯш, пули мошингузари деҳаи Даштак низ навсозӣ мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки щамзамон, гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи 110 кВ-и НБО "Себзор" дидан намуд.
Нерӯгоҳи барқи обии Норак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Тавоноии "Норак" ба андозаи як "Сангтӯда-1"-и дигар зиёд мешавад
Зикр гардидаст, ки тибқи лоиҳаи бунёди НБО "Себзор", 17 хоҷагӣ, ки манзили истиқоматӣ ва заминҳояшон зери сохтмон қарор гирифта буд, ба ҷойҳои нав кӯчонда, бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин шуданд
Нерӯгоҳи "Себзор" дар фарози рӯдхонаи “Шохдара” бо иқтидори 11 мегаватт сохта мешавад.
Нирӯгоҳи хурди обии “Себзор”, ки дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) сохта мешавад, тавони бо нирӯи барқ таъмин кардани даҳҳо ҳазор сокини маҳаллиро дошта, имкони содироти барқ ба навоҳии наздимарзии Афғонистонро низ фароҳам мекунад.
Лентаи хабарҳо
0