Самадӣ: Миёни зарардидагон дар Сеул тоҷикистониён нестанд

© AP / Lee Jin-manСпасатели несут пострадавшего на улице рядом с местом происшествия в Сеуле, где произошла давка
Спасатели несут пострадавшего на улице рядом с местом происшествия в Сеуле, где произошла давка
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2022
Обуна шудан
Миёни беш аз 150 ҳалокшудаи издиҳоми ахир дар шаҳри Сеул 22 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, хабар доданд мақомоти Корея бо такя ба маълумоти охир
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Миёни фавтидагон ва зарардидагони издиҳоми маргбори одамон дар шаҳри Сеул шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Шоҳин Самадӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Дар маҷмуъ бар асоси маълумоти охир, дар издиҳоми одамон дар тангкӯчаи Сеул, камаш 151 нафар ба ҳалокат расида, 82 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Миёни ҳалокшудагон 22 нафарашон хориҷиҳо, аз ҷумла 4 русиягӣ мебошанд.
Ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аризаҳо дар бораи бедарак шудани садҳо нафарро қабул кардаанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2022
Ҳамдардии Раҳмон ба президенти Корея ва мардумаш: Дар Сеул чӣ рух дод?
Таъкид шудааст, ки зер кардани одамон дар издиҳом тақрибан соати 22:22-и вақти маҳаллӣ ва 16:22 бо вақти Маскав оғоз шуда, бо фоҷиа анҷомид. Да ноҳияе, ки ин ҳодиса рух додааст, ки бо шабнишиниҳояш бахшида ба Ҳеловин маъруф аст.
Кореяи ҷанубӣ ба далели ҳалокати теъдоди зиёди одамон дар издиҳоми бахшида ба таҷлили Ҳеловин мотами миллӣ эълон кард, ки то 6 ноябр идома хоҳад дошт.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои кореягияш, Юн Сок Ёл паёми таслият ирсол карда, ба пайвандони ҳалокшудаҳо ҳамдардӣ баён карда, ба осебдидагон шифои комил хостааст.
Лентаи хабарҳо
0