https://sputnik.tj/20221029/khujand-pul-moshinguzar-tamir-boz-1052509956.html
Дар Хуҷанд пули мошингузар пас аз таъмири чоррӯза дубора боз шуд
Дар Хуҷанд пули мошингузар пас аз таъмири чоррӯза дубора боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилоят пас аз қабули пули таъмиршуда барои бунёди як пули дигар дар болои дарёи Сир ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд супориш дод 29.10.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-10-29T15:15+0500
2022-10-29T15:15+0500
2022-10-29T16:36+0500
дар тоҷикистон
суғд
пул
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/1d/1052509422_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_4b00ef02602e9984acb51846dcd89634.jpg
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд пули асосии мошингузари хиёбони марказӣ пас аз таъмир дубора ба истифода дода шуд.Дар ин бора котиботи раиси вилояти Суғд хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар маросими кушодашавии пули таъмиршуда, раиси вилояти Раҷаббой Аҳмадзода иштирок кард ва ба сифати корҳои анҷомдодаи роҳсозон баҳои баланд дод. Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва идораи сохтмони асосии вилояти Суғд барои бунёди як пули дигар дар болои дарёи Сир дастуру супориш дод.Маврид ба зикр аст, ки таъмири пули мазкур, ки ду соҳили Сирдарёро ба ҳам мепайвандад, 25 октябр оғоз ёфта буд. Ин пул беш аз 250 метр дарозӣ ва 11,6 метр паҳноӣ дошта ба таъмир сахт ниёзд дошт.Манбаъ меафзояд, тибқи супориши Раҷаббой Аҳмадзода давоми ҳафта корҳои таъмиру тармими пул ҷараён гирифта, қубурҳои обгузар таҷдид ва худи пул мумфарш карда шуд.Ҳоло ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути пул чун пештара идома дорад.
https://sputnik.tj/20221026/oghozi-tamiri-puli-kaloni-shahri-khujand---aks-1052432850.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/1d/1052509422_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_75d246ea628821a36c445b1f1b715f94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, пул, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, суғд, пул, иҷтимоъ
Дар Хуҷанд пули мошингузар пас аз таъмири чоррӯза дубора боз шуд
15:15 29.10.2022 (Навсозишуда: 16:36 29.10.2022) Раиси вилоят пас аз қабули пули таъмиршуда барои бунёди як пули дигар дар болои дарёи Сир ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд супориш дод
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд пули асосии мошингузари хиёбони марказӣ пас аз таъмир дубора ба истифода дода шуд.
Дар ин бора котиботи раиси вилояти Суғд хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар маросими кушодашавии пули таъмиршуда, раиси вилояти Раҷаббой Аҳмадзода иштирок кард ва ба сифати корҳои анҷомдодаи роҳсозон баҳои баланд дод.
Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва идораи сохтмони асосии вилояти Суғд барои бунёди як пули дигар дар болои дарёи Сир дастуру супориш дод.
Маврид ба зикр аст, ки таъмири пули мазкур, ки ду соҳили Сирдарёро ба ҳам мепайвандад, 25 октябр оғоз ёфта буд. Ин пул беш аз 250 метр дарозӣ ва 11,6 метр паҳноӣ дошта ба таъмир сахт ниёзд дошт.
Манбаъ меафзояд, тибқи супориши Раҷаббой Аҳмадзода давоми ҳафта корҳои таъмиру тармими пул ҷараён гирифта, қубурҳои обгузар таҷдид ва худи пул мумфарш карда шуд.
Ҳоло ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути пул чун пештара идома дорад.